Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 12.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Александр Худолеев вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки мо ба дӯстии байни халқҳоямон ва муносибатҳои шарикии стратегии кишварҳоямон, ки бар асоси Аҳднома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус аз 28 июни соли 2019 ба роҳ монда шудаанд, баҳои баланд медиҳем.
Муносибатҳои дуҷонибаи мо дар заминаи иродаи сиёсии қавӣ, талошҳои пайгирона ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко пайваста рушду такомул меёбанд.
«Мо зарур мешуморем, ки талошҳои муштаракро барои татбиқи мувофиқаҳои бадастомада ва такмили заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкорӣ идома диҳем. Маҷлиси намояндагон барои ба роҳ мондан ва таҳкими робитаҳои муназзаму созанда бо Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус, пеш аз ҳама, бо Палатаи намояндагони он манфиатдор мебошад»,-афзуд Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Пешниҳод карда шуд, ки табодули сафарҳои ҳайатҳои парламентӣ дар сатҳҳои гуногун фаъолтар карда шавад.
Файзалӣ Идизода нақши намояндагиҳои дипломатиро дар таҳкими робитаҳои байни кишварҳо, ба хусус дар таъмини рушди устувори ҳамкории Тоҷикистону Беларус махсус таъкид намуд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон






