ПАРЧАМИ МО ПАРФИШОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Дар Душанбе ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд

Ноябрь 23, 2024 15:30

ДУШАНБЕ, 23.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчами мо парфишон аз Пешвои миллат аст!» ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Зимни ҳамоиш Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода иброз намуд, ки даврони бузург ва муҳими парчамдории миллати тоҷик аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ шуруъ гардида,  то имрӯз идома дорад.  Маҳз шуруъ аз ин санаи муборак миллати тӯли таърихи дароз ранҷкашидаи тоҷик соҳиби муқаддасоти хеш гашт.

«Ормонҳои миллӣ маҳз аз ин санаи ҳумоюнфол бо фикри равшанбини Сарвари эъморгари миллати тоҷик Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амалӣ шудан оғоз намуданд. Парчами Тоҷикистон рамзи давлат буда, намоду рангҳои он аз фарҳанги қадимиву ғанӣ ва  орзую  ниятҳои миллати мо достон мекунад»,- илова намуд номбурда.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуснигул Одиназода аз мақом ва ҷойгоҳи муқаддасоти миллӣ ёдовар шуда, гуфт, ки «Парчам ба сифати яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ таҷассумгари асосҳои таърихиву мероси арзишманди миллӣ, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзую  ормони халқи куҳанбунёдамон ба ҳисоб меравад. Парчами давлатӣ барои ҳар халқу миллат, аз ҷумла барои мо – тоҷикон муқаддас аст. Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла парчам арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст».

Дар ҳамоиш намояндагони сохторҳои гунонун вобаста ба волоияти мавқеи Парчами миллӣ дар раванди давлатдорӣ маъруза намуданд.

Бояд гуфт, ки пеш аз оғози ҳамоиши ҷавонон бо иштироки роҳбарияту кормандони сохтор ва зерсохтори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати фарҳанг ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар атрофи Боғи Куруши Кабир роҳпаймоии идона баргузор шуд.

 АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 23, 2024 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

15 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
14 июл дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон маҳфилҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд
Дар Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи беш аз 1,1 миллиард доллар амалӣ мегардад