Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо имоми акбари муассисаи «Ал-Азҳар»-и Миср доктор Аҳмад Ат-Тайиб мулоқот намуданд

Ноябрь 12, 2024 11:18

ДУШАНБЕ, 12.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳошияи саммити Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим бо имоми акбари муассисаи “Ал-Азҳар”-и Миср доктор Аҳмад Ат-Тайиб мулоқот намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози вохӯрӣ саҳми ин муассисаи илмию таълимиро дар омода кардани ҳазорон мутахассиси соҳаҳои гуногун ва тарғиби ғояҳои сулҳҷӯёнаву таҳаммулпазирӣ таъкид карданд.

Ишора карда шуд, ки дар шароти имрӯза муттаҳид будани уммати мусулмон хело муҳим аст.

Дар ин замина дарки воқеии ҷавонон аз ҳадафҳо ва рӯҳияи аслии дини ислом, ки ҳамоно таҳаммулпазирӣ, накӯкорӣ ва инсондӯстист, муҳим дониста шуд.

Зикр гардид, ки айни замон дар бахшҳои гуногуни муассисаи таълимии “Ал-Азҳар” зиёда аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Сарвари давлати мо дар ин робита аҳаммияти танзими таҳсили донишҷӯёни тоҷикро дар асоси қонунгузории ду кишвари дӯсту бародар таъкид карданд.

Изҳори умед карда шуд, ки ҳамкории илмиву татқиқотии муассисаҳои таълимию илмии Тоҷикистон ва муассисаи “Ал-Азҳар”  густариш хоҳад ёфт.

Пешниҳод шуд, ки кормандони соҳаи дини Тоҷикистон барои табодули илмию амалӣ ва омӯзиши афкори таҳаммулпазирӣ ба давраҳои таълимии муассисаи Азҳар ҷалб карда шаванд.

Дар ҷараёни суҳбат, ҳамчунин, оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Мулоқот бо имоми акбари Муассисаи “Ал-Азҳар”-и Миср доктор Аҳмад Ат-Тайиб 12.11.2024

Ноябрь 12, 2024 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи омӯзгорон
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд