Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар корхонаи истеҳсоли бомпӯшҳои тунукагӣ ва сардхонаро мавриди истифода қарор доданд

Ноябрь 8, 2024 09:54

ДУШАНБЕ, 08.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр дар шаҳри Бохтар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бохтар-шифер» корхонаи истеҳсоли бомпӯшҳои тунукагӣ ва сардхонаро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи нави истеҳсолӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар дар масоҳати 3000 метри мураббаъ бо харҷи 5,4 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ҳабибулло Муқимов дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва солҳои рушди саноат бунёд гардидааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар корхона наздики 30 намуд маҳсулоти гуногуни металлӣ барои бинокорӣ истеҳсол шуда, иқтидори он дар як моҳ беш аз 3000 метри тӯлонӣ бомпӯшҳои тунукагӣ мебошад.

Фаъолияти корхонаи мазкур дар 2 баст ба роҳ монда шуда, дар он беш аз 20 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо афзун гардидани истеҳсоли ин намуд маҳсулот дар кишвар воридоти он аз хориҷ 40% коҳиш ёфтааст.

Санги асос барои бунёди корхона моҳи ноябри соли 2022 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда буд ва он дар муддати ду сол бо сифати баланд сохта шуд.

Дар корхона се хатти муосири технологӣ дастрас ва насб гардида, дар он новадон, пуштаи бом, ҳамвораҳо барои роғҳои иморат, пайвандак, қубур ва бомпӯшҳои гуногуни тунукагӣ бо назардошти талаботи бозор истеҳсол карда мешавад.

Маҳсулоти истеҳсолӣ аз лиҳози намуд ва сифат ба талаботи меъёрҳои стандартӣ ҷавобгӯ мебошад.

Дар натиҷаи зиёд шудани талаботи бозор ба бомпӯшҳои тунукагӣ имконияти аз ин ҳам бештар истеҳсол кардани маҳсулот мавҷуд мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз корхона ва суҳбат бо кормандон ба иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки бунёду ба истифода додани чунин корхонаву коргоҳҳо ба таъмини талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифату рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот боис гардида, бо ин роҳ метавон оянда иқтидори истеҳсолии кишварро боз ҳам афзоиш дод.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба беҳтар намудани сифати бомпӯшҳо, аз ҷумла рангубори он тавсияҳои судманд доданд.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоиши маҳсулоти корхонаи навтаъсис ва дигар коргоҳҳои “Бохтар-шифер” шинос шуданд.

Зимни боздид аз намоишгоҳ Роҳбари давлат масъулинро вазифадор намуданд, ки барои афзоиши иқтидори истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, тавлиди номгӯи нави маҳсулоти босифати саноатӣ ва саҳм гузоштан дар рушди иқтисоди миллӣ дар оянда низ кӯшиш намоянд.

Бо мақсади хизматрасонии беҳтар дар самти беталаф нигоҳ доштани маҳсулот ва дар ҳама фаслҳои сол ба мардум пешниҳод кардани маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ дар назди кохонаи мазкур сардхонаи замонавӣ бунёд гардидааст, ки ғунҷоиши он 600 тоннаро ташкил медиҳад.

Сардхонаи муосири “Бохтар-шифер” имкони дар шароити хуб нигоҳдории меваю сабзавотро доро буда, бо дастгоҳҳои худидорашавандаи муосир муҷаҳҳаз шудааст.

Дастгоҳҳои замонавӣ ҳарорати сардхонаро ба дараҷаи зарурӣ нигоҳ медоранд. Чунин шароит имкон медиҳад, ки меваю сабзавот тару тоза ва босифат нигоҳ дошта шаванд.

Тариқи шартнома қабул ва нигоҳдории меваю сабзавоти тару тозаи аҳолӣ бошад, аз бартарияти дигари сардхонаи навбунёд ба шумор меравад.
Бунёди корхонаи бомпӯшҳои тунукагӣ ва сардхона дар шаҳри Бохтар 08.11.2024

Ноябрь 8, 2024 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш мулоқот намуданд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодаи махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Серҷио Гор ва сенатори ИМА Стив Дейн мулоқот намуданд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД. Барои ҷомеаи муосири мо ин се даҳсола асри таҳаввулоти ҷиддии фикрӣ, технологӣ ва менеҷмент ба шумор меравад
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон иқтидори энергетикӣ ба 70 МВт расонида шуд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон маросими супоридани мукофот ва ҷоизаҳои давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд