ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст

Ноябрь 20, 2024 08:00

20 ноябри соли 1939 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таъсис ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 1959 Созмони Милали Муттаҳид  Декларатсияи ҳуқуқи кӯдакро қабул намуд.

***

20 ноябри соли 2009 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба имзо расид.

***

20 ноябри соли 2009 Шурои сарони ҳукуматҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Консепсия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикаро қабул намуд.

***

20 ноябри соли 2013 Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ворид намудани тағйиру илова ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «TajChina-2013» -ро аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намуд.

***

20 ноябри соли 2015 ҳолат ва дурнамои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон муҳокима гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар Душанбе масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон, аз ҷумла рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.

***

20 ноябри соли 2018 дар Театри ба номи Абулазиз Абулризои пойтахти Давлати Кувайт барномаи фарҳангии аҳли санъат ва ҳунари тоҷик баргузор гардид.

***

Соли 2018 дар пойтахти Тоҷикистон маросими ифтитоҳи аввалин фестивали панҷрӯзаи душанбегии филмҳои фаронсавӣ доир шуд.

***

20 ноябри соли 2019 дар Қасри миллат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 11 сафири навтаъйини давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд.

***

20 ноябри соли 2022 дар шаҳри Турсунзода бинои нави Коллеҷи тиббии шаҳр ба истифода дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаласаи 18-уми Гурӯҳи кории Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) оид ба савдо бо иштироки муовинони вазирон ва намояндагони давлатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон, инчунин намояндагон аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баргузор гардид, ки онро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Аҳлиддин Нуриддинзода раисӣ намуд.

20 НОЯБР:

Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон.

***

Рӯзи духтури кӯдакона.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Бозор Собир -соли 1938- шоири маъруфи тоҷик. Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ(1988). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1973).

Ноябрь 20, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 344-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 343-юмин рӯзи соли 2024 аст