Тоҷикистон ва Куба ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 01.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Куба вохӯрии намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Куба Оскар Сантана Леон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин кумита хабар доданд.
Дар вохӯрӣ оид ба густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба рушди сайёҳии экологӣ ва солимгардонию табобатӣ табодули афкор доир шуд.
Ҷонибҳо татбиқи ҳамкориро дар самти сайёҳӣ байни ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Куба барои зиёд намудани шумораи гардишгарон муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон бо назардошти мавқеи ҷуғрофии Ҷумҳурии Куба вобаста ба ташкили сафарҳои сайёҳон аз ду давлат тавассути парвозҳои чартерӣ ва ғайримустақими амалкунанда бо мамлакатҳои Аврупо ва Амрикои Шимолӣ таклифу пешниҳодҳо баррасӣ гардиданд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд






