«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд

Ноябрь 24, 2024 09:30

ДУШАНБЕ, 24.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бахшида ба «Рӯзи Парчами давлатӣ» ва ҳавасмандгардонии ғолибони даври ноҳиявии озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Муовини Раиси ноҳия Заррина Зуҳурзода иброз намуд, ки Парчами давлатӣ  Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва соҳибтамаддун дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ карда, ифтихор ва асоси ҳастии миллати тоҷик ба шумор меравад.

Зимни маросим ғолибони даври ноҳиявии озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!», ки аз ташаббусҳои навбатии Раиси Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади баланд бардоштани завқи бадеӣ ва тақвияти неруи зеҳнӣ мебошад, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур бо диплому сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Дар фарҷом бо таваҷҷуҳ ба муттаҳидӣ ва зери ливои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешкаш карда шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур

Ноябрь 24, 2024 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад