«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 24.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябр бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмумин Раҳимов таҳти унвони «Варзишгарон – парчамбардорони миллат» ҳамоиши идонаи варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ багузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар он роҳбарону намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмумин Раҳимов, роҳбарони мактабҳои варзишии ҷумҳуриявӣ, собиқадорону масъулини соҳа, ҷоизадорони Бозиҳои олимпиву мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва варзишгарону мураббиёни сохторҳои варзишии Кумита иштирок намуданд.
Иштирокдорон бо намудҳои гуногуни варзиш, ки масъулини мактабҳои варзишӣ дар гӯшаҳои муайян беҳтарин варзишгарони худро барои иҷроиши усулҳои хоси ҳамон намуди варзиш гирд оварда буданд, шинос шуданд.
Дар доираи ҳамоиш майдончаи варзиши сабук, ки бо харҷи беш аз 1,5 миллион сомонӣ бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.
Таъкид карда шуд, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз рукнҳои арзишмантарин ва муҳимтарини ҷомеа барои тарбияи насли наврас ва инсоният ба ҳисоб меравад. Зеро мақсади асосии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш танҳо аз таҳкими саломатии инсон иборат набуда, балки он бо тарбияи меҳнатӣ, ақлӣ, ахлоқӣ ва эстетикӣ низ пайванди ногусастанӣ дорад ва муаррифгари давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Ба чанде аз ҷавонону варзишгарон унвонҳои соҳавӣ ва сипосномаҳо супорида шуданд.
АКС: Маркази таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






