Вобаста ба масъалаҳои муосири саноати мошинсозӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд

Ноябрь 1, 2024 14:14

ДУШАНБЕ, 01.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 31 октябр дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар мавзуи «Масъалаҳои муосири саноати мошинсозӣ» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ, инчунин намоиши дастовардҳои илмии устодон ва донишҷӯёни технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбоби металлбурии донишгоҳ баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон хабар доданд, конференсия ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) ва Барномаи рушди саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ бахшида шуд.

Иброз гардид, ки мақсади конференсия мубодилаи афкори илмӣ, муайян намудани дурнамои рушди илмҳои дақиқ ва техникаю технологияи муосир, рушди ҳамкории илмию байналмиллалӣ дар самти баланд бардоштани сифати таҳсил ва робитаи илм бо истеҳсолот мебошад.

Барои таъмини рушди соҳаи саноати мошинсозӣ ва расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи техникӣ муҳим мебошад.

Кафедраи технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбоби металлбурии ин донишгоҳ солҳои зиёд аст, ки барои омода намудани мутахассисони баландпоя саҳми арзанда мегузорад. Ҳайати омӯзгорон ва профессорони кафедра дар ин муддат комёбиҳои зиёд ба даст овардаанд.

Дар конференсия аз ҷониби олимони дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ зиёда аз 60 мақолаи илмӣ аз рӯйи бахшҳои таҳқиқоти химиявӣ, технологияи химиявӣ ва металлургия, мошинсозӣ ва технологияи мавод, сохтмон ва меъморӣ, энергетика ва технологияҳои иттиллоотӣ, экология, иқтисодиёт ва фанҳои бунёдӣ (математика, физика) пешниҳод ва баррасӣ шуданд.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ

Ноябрь 1, 2024 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид