35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Шуғнон 233 иншоот бунёду навсозӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 01.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Шуғнон ва ҷамоати деҳоти он сохтмони 233 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 152 адади он бунёд гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар доданд.
Бо мақсади рушди соҳаи маориф дар айни замон дар шаҳраки Ваҳдат бунёди бинои дуошёнаи кӯдакистон бо таҳхона идома дорад.
Ин кӯдакистон барои 120 кӯдак пешбинӣ гардида, дорои 8 синфхона, 6 утоқи корӣ барои кормандон, ҷойи хоб ва дигар шароити мусоид мебошад.
Дар ноҳияи Шуғнон сохтмони бинои беморхонаи ноҳиявӣ низ идома дорад. Бино аз 4 ошёна иборат буда, дорои маҷлисгоҳ, утоқҳои корӣ барои кормандон ва утоқҳои табобатӣ барои беморон мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






