Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи энергетика дар неругоҳи «Сангтӯда -1» ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 19.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Рӯзи кормандони соҳаи энергетика (22 декабр) муовини вазири энергетикаи Федератсияи Русия Роман Маршавин бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» шинос гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Роман Маршавин зимни вохӯрӣ бо кормандони неругоҳ иброз дошт, ки «ин сафари нахустини ман ба Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» аст. Бо итминон гуфта метавонам, ки неругоҳ ва ҳайати кормандону мутахассисони он намунавӣ мебошанд».
Соли равон аз фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» 15 сол сипарӣ гардид. Ба ин муносибат маҷлиси тантанавӣ доир шуд, ки зимни он муовини вазири энергетикаи Русия кормандону мутахассисони Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1»-ро бо иди касбӣ – Рӯзи кормандони соҳаи энергетика табрик намуд.
Бахшида ба иди касбӣ 54 корманди Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Сангтӯда-1» барои фаъолияти муваффақи касбӣ, нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ва меҳнати софдилона бо мукофот сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






