Бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Хадамоти гумрук ҷаласа баргузор шуд

Декабрь 6, 2024 15:43

ДУШАНБЕ, 06.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 декабр дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Соли маърифати ҳуқуқӣ  дар мавзуи «Рӯзи ҳуқуқи инсон ва муаррифии дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» ҷаласа  баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумрук хабар доданд.

Муовини Сардори Хадамоти гумрук Иззатулло Ҳурматзода иброз намуд, ки бо муаррифии дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон Тоҷикистон ба пешравиҳо муваффақ гардидааст. Ин буд, ки аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардида, дар саросари ҷумҳурӣ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд чорабиниҳои гуногуни илмӣ-амалӣ гузаронида мешаванд.

Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, «мо дар замони начандон тӯлонӣ тавонистем, ки аз тариқи Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузорӣ меъёрҳои бунёдии фаъолияти давлатӣ демократӣ — асосҳои сохти давлатдории демократӣ, моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии он, муқаддас будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсӣ, таъсиси парламенти касбӣ, кафолати адолати судӣ ва баробар будани ҳамаро дар назди қонун, инчунин озодии виҷдон эълон ва таъмин намоем».

Дар ҷамъомад аз ҷониби иштирокчиён доир ба Рӯзи ҳуқуқи инсон ва муаррифии дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маърузаҳо пешниҳод шуданд.

Иброз гардид, ки мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсия озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас шуморида, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон ва унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуд. Донистани Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ зиракии сиёсии ҳар шахсро тақвият мебахшад. Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ба дурнамои неки таҳкими низоми демократӣ, ҷомеаи адолатпарвару ҳуқуқмеҳвар ва қонунсолор мусоидат менамояд.

Таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигар сохторҳое, ки ба ҳуқуқи инсон сару кор доранд, самараи ташаббусҳои Пешвои миллат дар бахши таҳкими мақому манзалати инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ҳар фард мебошанд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 6, 2024 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст