Бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Хадамоти гумрук ҷаласа баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 06.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 декабр дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Соли маърифати ҳуқуқӣ дар мавзуи «Рӯзи ҳуқуқи инсон ва муаррифии дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» ҷаласа баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумрук хабар доданд.
Муовини Сардори Хадамоти гумрук Иззатулло Ҳурматзода иброз намуд, ки бо муаррифии дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон Тоҷикистон ба пешравиҳо муваффақ гардидааст. Ин буд, ки аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардида, дар саросари ҷумҳурӣ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд чорабиниҳои гуногуни илмӣ-амалӣ гузаронида мешаванд.
Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, «мо дар замони начандон тӯлонӣ тавонистем, ки аз тариқи Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузорӣ меъёрҳои бунёдии фаъолияти давлатӣ демократӣ — асосҳои сохти давлатдории демократӣ, моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии он, муқаддас будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсӣ, таъсиси парламенти касбӣ, кафолати адолати судӣ ва баробар будани ҳамаро дар назди қонун, инчунин озодии виҷдон эълон ва таъмин намоем».
Дар ҷамъомад аз ҷониби иштирокчиён доир ба Рӯзи ҳуқуқи инсон ва муаррифии дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маърузаҳо пешниҳод шуданд.
Иброз гардид, ки мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсия озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас шуморида, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон ва унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуд. Донистани Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ зиракии сиёсии ҳар шахсро тақвият мебахшад. Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ба дурнамои неки таҳкими низоми демократӣ, ҷомеаи адолатпарвару ҳуқуқмеҳвар ва қонунсолор мусоидат менамояд.
Таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигар сохторҳое, ки ба ҳуқуқи инсон сару кор доранд, самараи ташаббусҳои Пешвои миллат дар бахши таҳкими мақому манзалати инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ҳар фард мебошанд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






