ЧОЙ НӮШОКИИ АЗ ҲАМА ЗИЁД ИСТЕЪМОЛШАВАНДА ДАР ҶАҲОН АСТ. Кадом навъи он ба саломатӣ фоида дорад?

Декабрь 29, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 29.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Табибон тавсия медиҳанд, ки нӯшидани чойи кабуд ба табобати касалиҳои дилу рагҳо, милки дандон, санги гурда, саратон, касалиҳои чашм ва қанд ёрӣ мерасонад. Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи кишоварзии мамлакат, солҳои 1934-1935 ин зироати субтропикӣ ва тропикӣ барои кишт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда буд. Натиҷаи таҳқиқот муайян намуд, ки иқлими Тоҷикистон барои кишти растании чой мутобиқ нест. Зеро чой намнокии зиёд талаб менамояд ва иқлими Тоҷикистон гарм аст.

Дар садсолаи охир баъди он ки мутахассисон ба таври илмӣ ба саломатӣ фоида доштани чойро исбот намуданд, талабот ба он боз ҳам зиёдтар гардид. Чой нӯшокии аз ҳама зиёд истеъмолшаванда дар ҷаҳон буда, аксаран 2 намуди он: чойи сиёҳ ва кабуд бештар маъмул мебошад. Ин ду намуди чой аз як растанӣ тайёр шуда, танҳо аз рӯйи муҳлати коркард фарқ мекунанд.

Абӯрайҳони Берунӣ гуфтааст: «Чойро бурида, дар зарфҳо мехушконанд ва гоҳи зарурӣ аз он бо оби ҷӯш нӯшиданӣ тайёр мекунанд, ки табшикан ва софгари хун буда, инчунин зарари майро бартараф менамояд».

Чойе, ки мо менӯшем, моддаҳои даббоғӣ, витаминҳо, алкалоидҳо, кофеин ва ғайра дорад. Инчунин равғани эфир барин моддаҳои муфид дорад. Он хусусияти зиддимикробӣ дошта, барои аз организм хориҷ шудани моддаи радиоактивии стронсий мусоидат менамояд. Чой, алалхусус чойи кабуд нӯшокии қувватбахш ва ташнагишикан аст. Дар як истакон чой 0,02—0,1 г кофеин вобаста ба навъҳои гуногуни чой мавҷуд аст. Кофеин ангезандаи пурзӯри асаб аст. Онро дар тиб ба шахсони хастаю заиф ва камқувват тавсия медиҳанд.

Чойи талх, махсусан чойи сиёҳ ба шахсоне, ки гирифтори бехобӣ, ғалаёни хун-гипертония, бемориҳои дил, захми меъдаю рӯдаи дувоздаҳангушта мебошанд, зарар дорад.

Бояд гуфт, ки чой барои мардуми тоҷик нӯшидании муқаррарӣ ва анъанавӣ аст. Ҳоло дар Тоҷикистон дар баробари чои сиёҳ чойи кабуд шуҳрат пайдо карда, нӯшокии миллии мо шудааст.

Чойи кабуд аз кофеин ва полифенолҳо бой аст. Дар таркиби чойи кабуд боз микроэлементҳои дигар, ба монанди каротиноид, токоферол, кислотаи аскорбинӣ (ё витамини С), хром, марганетс, селен ва тсинк мавҷуд мебошанд. Агар шумо таъми асили полифенолҳо ва антиоксидантҳои шифобахшро чашиданӣ бошед, пас чойи 2-3 моҳ қабл истеҳсолшударо ҷустуҷӯ намоед. Инро ҳам бояд ба назар гирифт, ки беҳтарин вақти чидан ва ҷамъ кардани чойи кабуд моҳҳои апрел ва май аст. Ба маълумоти мутахассисон, чойи дар тобистони гарм чидашуда пастсифат мебошад. Чойи кабуди кӯҳнашуда чандон муфид нест ва он таъми хуш дода наметавонад. Барои муайян намудани он қуттии чойро ба даст гирифта, афшонед. Ҳар қадаре, ки чанг бисёр резад, ҳамон қадар чой кӯҳнашуда асту сифаташ паст мебошад. Чойи кабуди тоза сифаташро танҳо давоми 12 моҳ нигоҳ дошта метавонад.

Аз ҳама навъҳои аълосифати чои кабуд- ин чойи талхча ва чойи аз баландкӯҳҳо чидашуда мебошад. Чойи кабуд бояд ранги зумуррад ё зумурради паст дошта бошад. Агар чои хушк тобиши зард ва ё қаҳваранг дошта бошад, пас вай кӯҳнашуда аст. Барои он ки чойи кӯҳна намуди чойи навро гирад, баъзе истеҳсолкунандагон баргакҳои чойро ранг мекунанд. Аммо шумо метавонед ин ҳилларо ба зудӣ ошкор намоед. Барои муайян кардани он санҷиши одӣ гузаронед: ба чой пораи қоғази сафедро партоед. Агар қоғаз ранги сабзро гирад, маълум мешавад, ки ин чой рангкардашуда аст. Агар чой дорои сифати баланд бошад, пораи қоғази таркардашуда ҳеҷ гоҳ ранги сабзро ба худ намегирад.

Тавсияи дигар он аст, ки зимни дам намудани чой беҳтар мешуд чойникҳо тасфон бошанд.

Дарахти парваришнамудаи чой то 1,5 метр қад кашида, баргаш дарозрӯя, гулаш сафед ё гулобии хушбӯй мебошад. Дарахти худрӯи чой то 10—15 метр қад кашида, дар ҷангалзори Ассами Ҳиндустон ва ноҳияҳои ҳамсарҳади Ҳинду Чин мерӯяд. Ноҳияҳои бешазори Ассам, Бирма, Юннан, Чин ва Ветнами Шимолиро ватани чой меҳисобанд. Чойро дар Чин 2500 сол пеш то мелод чун растании доруӣ мепарвариданд. Аз ин рӯ ватани чой давлати Чин дониста мешавад.

Португалиҳо дар асрҳои 15—17 аз Осиёи Шарқӣ чойро ҳамчун дору ба минтақаи Аврупо оварданд. Сипас он яке аз нӯшиданиҳои маъмулӣ гардид. Дар Осиёи Миёна чой охири асри 19 пайдо шудааст.

Ба андешаи мутахассисон, дар дунё 1,5 миллион гектар чойзор мавҷуд аст, ки аз онҳо соле 1,5 миллион тонна чойи хушк ҷамъоварӣ мешавад. Дар Ҳиндустон дар як сол то 500 ҳазор тонна, Шри Ланка 215 ҳазор тонна, Чин 200 ҳазор тонна ва дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 72 ҳазор тонна чой истеҳсол мешавад.

Беш аз 90 дарсади чой дастӣ ҷамъоварӣ мегардад. Ҳоло қариб 50 намуд чой истеҳсол мешавад, аз ҷумла сиёҳ, кабуд, сафед, арғувонӣ ва ғайра.

Таҳияи Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 29, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ИЛТИҲОБИ ШУШ. Ин беморӣ дар фасли сармо бештар хурӯҷ мекунад
11 НОЯБР-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ба ғанӣ гардидани буҷети хонавода мусоидат менамояд
Шуруъ аз 1 июли соли 2026 дар Иттиҳоди Аврупо талаботи нав ба тахографҳо эътибор пайдо мекунад
ГИЁҲҲОИ ХУШККАРДАШУДА. Аз онҳо чӣ тавр истифода мебаранд ва ба организм чӣ манфиат доранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъемоли биҳӣ мушкилоти ҳозима, аз ҷумла қабзиятро кам мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Равғани чормағз барои мустаҳкам гардидани хотира кумак мерасонад
Чаро истеъмоли қурутро аксар одамон, бахусус кӯдакон дӯст медоранд?
Имсол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даромад аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳон 20,4 миллион сомониро ташкил дод
Саҳми Президенти Тоҷикистон дар қабули Конститутсияи кишвари соҳибистиқлол беназир аст