Дар Истаравшан 45 километр роҳҳои калони нақлиётгард мумфарш карда шуданд
СУҒД, 01.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи 10 ҷамоати деҳоти шаҳри Истаравшан корҳои ободонию созандагӣ идома доранд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан.
Дар шаҳр таъмиру навсозӣ ва сохтмони 990 бинову иншоот ба нақша гирифта шуда, то ин давра зиёда аз 553 адади он ба истифода дода шудааст.
Ҳамчунин мумфаршкунии роҳҳои калон дар кӯчаву гузарҳои кумитаи маҳалла ва деҳаҳои даҳ ҷамоати деҳот бо шакли муосиру ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои замонавии роҳсозӣ ба анҷом расонида мешавад.
Танҳо давоми 10 моҳи соли 2024 дар шаҳру деҳоти Истаравшан зиёда аз 45 километр роҳҳои калони нақлиётгард мумфарш карда шуданд. Чун ҳарвақта дар мумфаршсозии куллии роҳҳои калон соҳибкорону аҳолии саховатпешаи Ҷамоати деҳоти «Чорбоғ» пешсаф буданд. Ҷамоати деҳоти «Чорбоғ»-и шаҳри Истаравшан дар мавзеи хушобу ҳавои ин шаҳри қадимӣ ҷойгир буда, 22 ҳазор сокинони он бо кишоварзию боғбонӣ, чорводорию соҳибкории хурд ва миёна шуғл меварзанд.
Дар ҷамоатҳои деҳоти Чорбоғ, Варсиқ, Майдонча ва Файзи Истиқлол бо харҷи маблағҳои давлатӣ, саҳми соҳибкорони варзида, саховатпешагии аҳолӣ, сарфи маблағҳои ба нияти адои ҳаҷ ҷамъгардида ва ҳашари оммавӣ аз 76 банди нақшаи чорабинии ободонию созандагӣ 46 банд ба итмом расидааст.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ симои деҳаҳои ҷамоат ба куллӣ дигар гардида, қомат афрохтани биноҳои иқтисодию иҷтимоӣ, мактабу синфхонаҳои иловагӣ, марказҳои саломатию бунгоҳҳои солимгардонӣ, силсиламарказҳои савдову хизмати маишӣ, мағозаҳои молҳои талаботи ҳаррӯза симои чор деҳаи Ҷамоати деҳоти «Чорбоғ»-ро хеле назаррабо гардонидаанд.
Дар доираи омодагиҳои ҷашнӣ баъди бо сифати баланд мумфарш кардани 12 километр роҳҳои калони нақлиётгарди дорои аҳамияти маҳаллии Истаравшан-Чорбоғ-Калининобод-Деваштич ва дохили деҳаҳои ҷамоати деҳот имрӯз соҳибкорони ватандӯсти маҳаллию бурунмарзӣ ва аҳолии саховатпеша ба мумфаршкунии роҳҳои калони байнидеҳавии деҳаҳои Майдонча ва Варсиқ шуруъ намудаанд.
Пеш аз мумфаршкунии босифат сокинони деҳаҳо аз мавзеъҳое, ки ба Майдончаю Варсиқ наздик ҳастанд, тавассути нақлиёти гаронвазн шағал кашонида, бо дастгирии механизмҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро тахту ҳамвор намуданд.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан








МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст






