Дар Тоҷикистон созишномаи Низоми муосири идоракунии дороиҳои роҳ ба имзо расид

Декабрь 13, 2024 08:52

ДУШАНБЕ, 13.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) оид ба пешбурд ва ҷорӣ намудани Низоми муосири идоракунии дороиҳои роҳ (НИДР) дар Тоҷикистон созишномаи грантӣ ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёт хабар медиҳад.

Созишномаро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Намояндаи доимии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Холгер Вифел имзо карданд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон дастгирии доимии шарикони байналмилалии рушд – Бонки Осиёии рушд, Бонки ҷаҳонӣ, Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) ва  Бонки Аврупоии таҷдид ва рушдро дар пешбурд ва ҷорӣ намудани Низоми идоракунии дороиҳои роҳ (НИДР) дар Тоҷикистон  махсус таъкид намуд.

«Ин ташаббус қадами муҳим дар самти таъмини нигоҳдории дарозмуддат, амният ва самаранокии шабакаи миллии роҳҳои мо мебошад», —  иброз дошт ӯ.

Ин грант имкон медиҳад, ки хизматрасонии ҳирфавии машваратӣ ба беҳбуд бахшидани фаъолияти институтсионалӣ ва меъёрӣ дар идоракунии дороиҳои роҳ ҷалб шавад.

Лоиҳа ба ҳадафи умумӣ, яъне таҳкими қобилияти Тоҷикистон барои самаранок идора кардани дороиҳои роҳҳои  мамлакат бо истифода аз системаҳое, ки ба қабули қарорҳои огоҳона дар соҳаи сохтмон ва нигоҳдории роҳҳо мусоидат мекунанд, мувофиқат мекунад.

Таъкид шуд, ки Низоми муосири идоракунии дороиҳои роҳ на танҳо воситаи техникӣ, балки  раванди трансформатсионӣ мебошад, ки шаффофият, самаранокӣ ва дурнамои стратегиро дар идоракунии роҳҳо таъмин мекунад. Барои Тоҷикистон, ки инфрасохтори роҳ барои наздик намудани одамон ва минтақаҳо, инчунин рушди тиҷорат бо давлатҳои ҳамсоя нақши муҳим мебозад,  татбиқи Низоми муосири идоракунии дороиҳои роҳ аҳамияти бузург дорад. Он ба  беҳдошти истифодаи захираҳо, боло бурдани сатҳи бехатарӣ ва эътимоднокии системаи нақлиёт ва  рушди  иқтисодиёт мусоидат мекунад.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 13, 2024 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид