Иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид

Декабрь 31, 2024 15:25

ДУШАНБЕ, 31.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 31 декабр дар пойтахти мамлакат иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, бо роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар кори иҷлосия муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Дар оғоз вакилон котиботи иҷлосияро интихоб намуда, масъалаҳои рӯзнома ва тартиби кори онро тасдиқ намуданд.

Нахуст оид ба натиҷаи ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025, ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шунида шуд.

Зимни ҳисобот таъкид гардид, ки дар соли 2024 маҷмӯи маҳсулоти минтақавии пойтахт ба 20,6 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиши он нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид. Ҳиссаи маҳсулоти пойтахт дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат бошад, 20 фоизро ташкил дод.

Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе якҷо бо сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 35-солагии истиқлолияти давлатӣ, босифат ва дар муҳлати муайянгардида анҷом додани корҳои сохтмонию ободонӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо ва татбиқи саривақтии лоиҳаҳои дар шаҳри Душанбе амалишаванда чораҳои дахлдор андешанд.

Ҳамчунин зарур шумурда шуд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ҷиҳати ҷалби бештари сармояи дохиливу хориҷӣ, махсусан грантҳо барои азнавсозии шабакаҳои фарсуда, бунёду азнавсозии роҳҳо, таҷдиди инфрасохтори обу корез, барқ ва бунёди зеристгоҳҳои нави замонавӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Инчунин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии шаҳр ва таҷдиди паркҳои коммуналии пойтахт барои гузариш ба электробусҳо тамоми чораҳои судмандро роҳандозӣ намоянд.

Ҷиҳати ободу зебо гардидани пойтахт ва тақвият бахшидани маъракаи ниҳолшинонӣ бо ҷалби сокинони пойтахт, инчунин шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ, тозаю озода нигоҳ доштани боғу гулгаштҳои ҳудуди пойтахт ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.

Муҳтарам Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ба раисони ноҳияҳои шаҳр супориш доданд, ки якҷо бо раёсати андози шаҳр дар соли 2025 бо мақсади иҷрои пурраву саривақтии нақшаи андоз, кам кардани бақияпулиҳои андозӣ, таъмин намудани қисми даромади буҷет, дарёфти сарчашмаҳои нави андозбандӣ ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷинояткорӣ, махсусан, дар байни ноболиғону ҷавонон ва қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи замин тадбирандешӣ намоянд.

Сипас вакилон лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе, барои соли 2025 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2023-ро баррасӣ баррасӣ намуда, вобаста ба он қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Вакилон дар идома, масъалаи дигари рӯзнома – “Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 — 2025” ва Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самтро баррасӣ намуданд.

Вобаста ба масъалаи мазкур ҳисоботи муовини Раиси шаҳр – сарпарасти соҳа шунида шуда, аз рӯи ин масъала қарори дахлдор қабул намуданд.

Дар робита ба ин мавзуъ Раиси шаҳри Душанбе ба масъулин дастур доданд, ки ҷиҳати рушди соҳаи ҳунармандӣ ва дастгирии ҳунармандон, тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Вакилон ҳамчунин як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар самти сиёсати кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ намуданд.

Дар охир Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ кулли сокинони пойтахтро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик намуда, ба Тоҷикистони азизамон пешрафту шукуфоиро орзу намуданд.

Бо ҳамин иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум кори худро анҷом дод.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Декабрь 31, 2024 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид