Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад

Декабрь 12, 2024 08:10

ДУШАНБЕ, 12.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш  шуда, туман мефарояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11-16 дараҷа хунук, рӯзона аз 1-6 дараҷа хунук то 1+6 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 22-27 то 30-35 дараҷа хунук ва рӯзона 12-17 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб  бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона аз 5 дараҷа хунук то 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, рӯзона борон пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 5 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона  аз 3-8  дараҷа хунук то 5 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда,  дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1-6 дараҷа хунук то 5 дараҷа гарм, рӯзона аз 1+6 то 7+12 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 5 дараҷа хунук  мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-5 дараҷа хунук ва рӯзона 4+6 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 12, 2024 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон маҳфилҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд
Дар Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи беш аз 1,1 миллиард доллар амалӣ мегардад
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ. Амнияту субот омили асосии рушди устувори давлатҳо ва зиндагии шоистаи инсоният ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад