Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор додааст, — бардошт аз ҳамоиш дар Исфара

Декабрь 7, 2024 15:30

ДУШАНБЕ, 07.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба  30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара хабар доданд.

Дар ҳамоиш иштирокчиён бо дастовардҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон давоми 30 сол, китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳунарҳои мардумии занони шаҳр шинос гардиданд.

Иброз гардид, ки агар ба таърихи таъсиси ин ҳизби пешоҳанги мардумӣ назар намоем, он дар роҳи давлатсозии миллӣ ба дастоварду натиҷаҳои намоён ноил гардидааст.

«Амалӣ гардидани ҳадафи барномавии ҳизбро мо дар иқдоми ҳамарӯзаи Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла сохтмони мактабу беморхона, роҳу нақбҳо, неругоҳҳо ва дигар иншооти инфрасохторӣ мебинем. Муҳайё сохтани ҷойҳои нави кор, дастгирии пайвастаи гурӯҳҳои ниёзманди аҳолӣ, ятимон, маъюбон, шахсони бесаробонмонда ва оилаҳои камбизоат далели ин гуфтаҳо аст»,-таъкид гардид дар ҳамоиш.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд: «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи Истиқлолияти мамлакат буда, ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор додааст ва барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад».

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи Истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Дар ҳамоиш ба як зумра собиқадорони ҳизб туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара

Декабрь 7, 2024 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид