МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Таъсиси он имрӯз амри зарурӣ аст

Декабрь 31, 2024 09:49

ДУШАНБЕ, 31.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 28 декабри соли 2024 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст дар толори нави Парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод гардид, ки ҳамзамон ба шакли мустақим аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва радиои давлатӣ пахш ва манзури мардуми ҷумҳурӣ шуд.

Омӯзиш ва баррасии паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» имконият медиҳад, ки ба масъалаҳои мухталифи дар онҳо матраҳшаванда аз нуқтаи назари сиёсӣ ва ҳуқуқӣ равшанӣ андохта шавад. Дарвоқеъ, таҳлили паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷанбаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии онҳо аз назари илмҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва дигар илмҳо дар шароити кунунӣ мубрам мебошад. Аз ин лиҳоз таъсис додани Маркази омӯзиши «Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим ва амри зарруӣ ҳисобида мешавад. Чунин изҳори назар намудааст номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Фирӯз Сайнозимзода.

— Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи давлат ҷумҳурии президентӣ муқаррар гардида, дар боби чаҳоруми он вазъи ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст. Ин санади меъёрии ҳуқуқии мамлакат танҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи бо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баромад карданро дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.

Падидаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ аз 26 сентябри соли 1999, алалхусус ба моддаҳои 55 ва 69 ба вуҷуд омадааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз салоҳияти конститутсионии худ дар асоси қисми сеюми моддаи 55 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин маротиба 27 апрели соли 2000 бо Паём «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баромад карда, роҷеъ ба вазъи ҳаёти сиёсии ҷомеа, масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, илму маориф, фарҳанг, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, сиёсати хориҷӣ ва дар маҷмуъ, ҳадафҳои стратегӣ ва пешомади чанд соли наздики мамлакат изҳори назар намуданд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28 декабри соли 2024 дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ироа гардид, Паёми 26-уми Президенти мамлакат ба шумор меравад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти мамлакат таҳлилу баррасӣ гардида, роҳҳои ҳалли онҳо муайян карда шуданд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун ҳуҷҷати расмӣ ва санади сиёсӣ-ҳуқуқӣ имрӯз мақому манзалат ва эътибори бештар касб намудааст. Зеро дар заминаи ҳар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд ва қабул карда мешаванд, инчунин дигар масъалаҳои ҳаётан муҳими мамлакат ҳал мегарданд, ки барои беҳтар шудани шароити иҷтимоии аҳолии мамлакат, таъмини адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат, муқовимат ба терроризму экстремизм, коррупсия ва дигар ҷиноятҳо, инкишофи қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии аҳолии мамлакат, рушди илму маориф ва амсоли инҳо мусоидат менамоянд.

Илова бар ин, дар асос ва барои иҷрои талаботи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамоҳо, стратегияҳо ва барномаҳои кӯтоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат ба тасвиб расидаанд ва дар оянда ҳам тасвиб мешаванд, ки онҳо дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми басе муҳим мегузоранд. Чунончи, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 30 апрели соли 2004 бамаврид таъкид гардид, ки «… раванди татбиқи сиёсати дохилию хориҷии давлат маъмулан дар доираи як сол маҳдуд карда намешавад, зеро ҳадафу вазифаҳои дар асоси Паёми Президент муайяншуда моҳиятан барнома ва дурнамо барои даҳсолаҳо мебошанд».

Ҳамзамон таҳқиқу пажуҳиши табиати сиёсию ҳуқуқии паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян намудани ҷойгоҳу нақши онҳо дар низоми ҳуқуқии мамлакат ва рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти мамлакат муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар таъсиси мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои илмӣ нақши муҳим доранд. Бояд гуфт, ки дар асоси паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти давлатӣ, мақомот дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар назди вазорату идораҳои давлатӣ сохторҳои нав ва дигар корхонаю муассисаҳо таъсис ёфтаанд. Аз ҷумла, бо мақсади тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳодҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак таъсис ёфтанд, инчунин дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсон ва дар назди он шуъбаи ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуданд.

Инчунин барои аз ҷиҳати илмию амалӣ асоснок намудани қонунҳо, мукаммалу мушаххас гардонидани механизми татбиқи онҳо ва мониторинги тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имконияти мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохилию хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқати соҳа дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази миллии қонунгузорӣ ва дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи рушди сайёҳӣ таъсис дода шуданд. Ҳамчунин дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таъсис дода шуданд.

Бояд гуфт, ки дар заминаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» муассисаҳои давлатии таълимӣ ва факултету кафедраҳо дар назди муассисаҳои давлатии таълимӣ, инчунин дигар муассисаҳои илмӣ таъсис дода мешаванд. Чунончи, дар Паёми Президенти мамлакат аз 26 декабри соли 2019 пешниҳод гардид, ки дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода шавад. Дар натиҷа Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат» 29 апрели соли 2020 қабул гардид, ки тибқи он муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат» ба муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат» табдил дода шуд. Баъдан он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2022 ба муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» табдили ном намуд. Илова бар ин, дар заминаи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар ин донишгоҳ беш аз 20 ихтисоси нав таъсис ёфт, ки ихтисосҳои «саноат», «иқтисодиёти рақамӣ», «зеҳни сунъӣ», «хадамоти консулӣ», «ҳуқуқи байналмилалӣ», «полиси сайёҳӣ», «тибби сайёҳӣ» ва «сайёҳии осоишгоҳии табобатӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Ҳамзамон Донишкадаи давлатии энергетикаи Тоҷикистон, Донишкадаи кӯҳии металлургии Тоҷикистон ва дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионӣ ва Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис дода шуданд, ки маҳз аз паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегиранд. Ҳамчунин дар заминаи Паёми Президенти мамлакат дар назди донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ кафедраю ихтисосҳои нав ва дигар сохторҳо таъсис ёфтаанд, ки ба рушди илми ватанӣ мусоидат менамоянд.

Гузашта аз ин, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли равон пешниҳод гардид, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода шавад. Таъкид шуд, ки ба ин донишгоҳ мақоми пойгоҳи асосии тайёр кардани мутахассисони ин самт дода, илова бар ин, дар ҳама муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат факултаю кафедраҳои дахлдор таъсис дода шаванд.

Бояд гуфт, ки муаллифи ин сатрҳо соли 2022 дар мавзуи «Табиати ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ» рисолаи илмӣ ҳимоя намуда, бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2023 сазовори дипломи намунаи давлатии дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ гардид.

Бо вуҷуди ин дар илми ватанӣ таҳқиқу пажуҳиши илмии паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра анҷом наёфтааст. Аз ин рӯ бо мақсади омӯзиш ва таҳқиқоти маҷмуии илмии паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» имрӯз таъсис додани Маркази омӯзиши «Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим ҳисобида мешавад.

Таъсиси чунин марказ тақозои замон буда, имкон медиҳад, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», моҳият ва вижагиҳои онҳо мавриди таҳқиқоти мукаммали илмӣ қарор дода шаванд.

Декабрь 31, 2024 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

МАОРИФ — СОҲАИ КАЛИДӢ. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ такондиҳандаи рушди фарҳанги миллӣ мебошад
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ роҳнамои таъмини амнияти миллӣ мебошад
ТАРБИЯИ ШАХСИЯТИ ИННОВАТОР – ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Бардошт аз Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли мунтазами чормағз организмро ҷавон ва таъсири афсурдаҳолиро рафъ месозад
Барои мо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир хусусияти роҳнамоӣ дорад
АМИТ «Ховар»: Тоҷикистон дар соли 2025 — руйдодҳои муҳим ва навгониҳо
ПАЁМИ МИЛЛАТИ ПОКСИРИШТ! Бардошти Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ
Сиёсати хориҷии давлат – самти муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ бузург мебошад
ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН. Бобоҷон Ғафуров дар асоси садҳо далели холисонаи илмӣ миллати қадимӣ, фарҳангӣ ва тамаддунофар будани тоҷиконро исбот намуд
РАВАНДИ РАҚАМИКУНОНӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОНӢ БОЯД ТАҚВИЯТ ЁБАД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ