МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Деҳқононро мебояд аз барфҳои рӯзҳои охир самаранок истифода намоянд

Декабрь 21, 2024 10:15

ДУШАНБЕ, 21.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар моҳи аввали  фасли зимистон дар ҷумҳурӣ ҳаво сард гардида, барф борид. Тибқи иттилои мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, бориши барф барои дарахтони меваи донакдор манфиатовар буда, дар ин муддат набояд танаи ин навъи дарахтонро аз барф тоза намуд. Зеро худи барф имконияти ҳимояи навдаҳои дарахтонро дорад.

«Барф решаи дарахтонро бо намии дуру дароз таъмин месозад. Инчунин барфи ҷамъшударо бо хок ва хас якҷоя намуда, дар зери дарахт гузоштан лозим аст, то тавонад дарахтро дуру дароз карахт нигоҳ дорад»,-чунин маслиҳат медиҳад доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров ба боғпарварони мамлакат.

Ба тавсияи мутахассис, дар ин шабу рӯз бояд корҳои яхобмониро мувофиқи талабот иҷро  намуд. Зеро яхобмонӣ имконият медиҳад, ки ҳашарот ва касалиҳои зери хок ва дар атрофи дарахтон вуҷуддошта нобуд гарданд. Ҳамзамон давраи гулкунии баҳории дарахтон дар фасли баҳор дертар оғоз мешавад.

«Он ҳашарот ва касалиҳое, ки дар дарахтон вуҷуд доранд, дар ҳарорати 10 дараҷа паст, яъне давоми як ҳафтаи сардӣ пурра нобуд мегарданд. Ин имкон медиҳад, ки дарахтон дар оянда ҳосили фаровон диҳанд. Аз ин рӯ, боғпарварон бояд аз ин имконият самаранок истифода баранд»,-изҳор намуд  Ҳикматулло Назиров.

Мутахасссисони соҳаи кишоварзӣ иброз медоранд, ки яхобмонӣ дарахтонро  аз сардиҳои ногаҳонии баҳорӣ муҳофизат менамояд. Дар ҳолате, ки давраи хунукии ногаҳонии фасли баҳор бе зарар гузарад, метавон ба ҳосили хубу босифат умед баст.

Ҳикматулло Назиров мегӯяд, ки агар дар сармо замин яхоб хӯрад, дар мавсими кишту кор намии муқаррарӣ пойдор мемонад, ҳашароти зараровар нобуд мешаванд ва таркиби хок аз оби захиравию сабзишӣ баҳраманд мегардад. Зеро оби захиравӣ фоидаи калон дошта, ба замини киштбобу корам қувват ва ба хок нармӣ мебахшад. «Манфиати яхобмонӣ дар он ифода меёбад, ки давраи гулкунии дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла бодом ва зардолу ба қафо партофта шуда, имконият медиҳад, ки дарахтон аз сардиҳои ногаҳонии баҳорӣ эмин монанд. Вақте давраи хунукии ногаҳонии фасли баҳор гузашт, сипас дар оғози гулкунӣ метавон ҳосили хубу босифат ба даст овард»,-афзуд мутахассис.

Бино ба тавсияи мутахассисон, корҳои дигаре, ки иҷрои онҳо дар фасли зимистон бисёр муҳим аст, ин башаклдарории дарахтони боғҳои навбунёд, буридани навдаҳои дарахтони ҳосилдиҳанда, шудгори байни дарахтон, ба танзим даровардани ҳосилнокии онҳо ва додани нуриҳои органикию маъданӣ  мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки меъёри яхобмонӣ аз таркиби хок ва чуқурии обҳои зеризаминӣ вобаста буда, он шуруъ аз охири моҳи ноябр то моҳи феврал гузаронида мешавад.

 АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 21, 2024 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон дар 5 гектар ниҳоли тут шинонида шуд
Хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии ноҳияи Шаҳринав беш аз 80 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун пешниҳод намуд
Дар Ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
Кормандони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳашари ниҳолшинонӣ доир намуданд
Дар вилояти Суғд майдони боғоти мевадиҳанда васеъ мегардад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар вилояти Суғд 750 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ 300 бех ниҳоли санавбар ва сӯзанбарг шинониданд
ДУШАНБЕ – ШАҲРИ ГУЛИ САДБАРГ. Парвариши ин гул хароҷоти зиёд талаб накарда, аз аввали баҳор то барфрезиҳо шукуфон боқӣ мемонад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Хуҷанд беш аз 200 бех дарахти магнолия шинонида шуд
«ТОҶИКИСТОНИ САБЗ». Дар Душанбе 500 бех ниҳоли сӯзанбарг шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар ин парваришгоҳ зиёда аз 100 намуди гулу буттаҳои нодир ва 40 намуди ниҳоли дарахтони ороишӣ парвариш мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз парваришгоҳи «Кишвари сабз» боздид намуданд