Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара шинос шуд
ДУШАНБЕ, 13.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо ҳолати зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки муассисаҳои таълимии ноҳия ҳанӯз моҳҳои гузашта ба давраи зимистон омодагии ҳамаҷониба дида, миқдори зарурии ангишт, ҳезум ва дигар сӯзишвориро захира намуданд.
Ҳамзамон зимни шиносоӣ ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» санҷида шуда, барои баланд бардоштани сифати таҳсил, иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва назорати ҷиддӣ барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ дастур дода шуд.
Инчунин ба масъулин барои беҳтар намудани давомоти хонандагон, пешгириии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, боло бурдани ҳисси ватандӯстию хештаншиносии хонандагон, муҷаҳҳаз гардонидани кабинетҳои фаннӣ бо асбоби аёнӣ ва сари вақт амалӣ намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон дастурҳои мушаххас дода шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара








Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






