Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара шинос шуд

Декабрь 13, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 13.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо ҳолати зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки муассисаҳои таълимии ноҳия ҳанӯз моҳҳои гузашта ба давраи зимистон омодагии ҳамаҷониба дида, миқдори зарурии ангишт, ҳезум ва дигар сӯзишвориро захира намуданд.

Ҳамзамон зимни шиносоӣ ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» санҷида шуда, барои баланд бардоштани сифати таҳсил, иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва назорати ҷиддӣ барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ дастур дода шуд.

Инчунин ба масъулин барои беҳтар намудани давомоти хонандагон, пешгириии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, боло бурдани ҳисси ватандӯстию хештаншиносии хонандагон, муҷаҳҳаз гардонидани кабинетҳои фаннӣ бо асбоби аёнӣ ва сари вақт амалӣ намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон дастурҳои мушаххас дода шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара

Декабрь 13, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд
Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд