ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон марҳилаи интихобиро бо бозӣ ба муқобили тими миллии Тимори Шарқӣ оғоз мекунад
ДУШАНБЕ, 11.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027-ро бо бозӣ ба муқобили тими миллии Тимори Шарқӣ оғоз мекунад. Ин дидор 25 март дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Аз рӯи натиҷаи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» қарор гирифта, бо тимҳои миллии Филиппин, Малдив ва Тимори Шарқӣ рақобат мекунад.
Дар маҷмуъ дар чаҳорчӯбаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш бозӣ – панҷ бозӣ дар соли 2025 ва як вохӯрии дигар моҳи марти соли 2026 доир менамояд.
Танҳо ғолибони шаш гурӯҳи интихобӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






