РАВАНДИ РАҚАМИКУНОНӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОНӢ БОЯД ТАҚВИЯТ ЁБАД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ

Декабрь 30, 2024 16:30

ДУШАНБЕ, 30.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи  самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» санади дастурие ба ҳисоб меравад, ки самтҳои калидӣ ва афзалияти бунёдии рушди сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳамкории байналмилалиро муайян менамояд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчунин дид ва мавқеи роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба равандҳо ва падидаҳои фарогири дохиливу хориҷӣ инъикос гардида, роҳҳои асосии ноил гардидан ба рушди устувор ва таъмини зиндагии шоиста барои мардум пешниҳод карда мешаванд. Чунин изҳор намудааст муовини ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Фируз Қодиров дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид гардидааст.

— Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи  самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олӣ падидаи муҳим сиёсӣ буда, дар он на танҳо аз дастовардҳои соли сипаришуда натиҷагирӣ, балки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат дар давраи миёна ва дарозмуҳлат муайян карда мешавад.

Таҳлили мазмун ва сохтори Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ нишон медиҳад, ки дар матни нахустини он таваҷҷуҳ ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва таҳкими пояҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ равона карда шуда, минбаъд марҳила ба марҳила муайянкунии ҳадафҳои рушди миллӣ, тавсеаи ифрасохтори соҳаи роҳу нақлиёт ва обу энергетика, рушди соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат, гузариш аз модели аграрию саноатӣ ва саноатию аграрии иқтисодиёт, асосҳои гузариш ба иқтисодиёти ба дониш ва инноватсия асосёфта, баланд бардоштани музди меҳнат ва дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, таъмини амнияти иқтисодӣ, дастгирии рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва бахши молиявии мамлакат аз ҷумлаи масъалаҳои меҳварии Паём ба ҳисоб мераванд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 ба масъалаҳои меҳварию афзалиятдоштаи рушди иқтисодиёти миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуда, амалисозии ҳадафҳои рушди миллӣ, таъмини амнияти миллӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин эълон шуданд. Бо назардошти ислоҳоти амалишуда дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчунин ба вусъат додани равандҳои рақамикунонӣ, ташаккули иқтисоди «сабз» баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ ва тавсеаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ишора карда шуд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид намуданд, ки бояд дар ояндаи наздик ба рушди саноати миллӣ, рақобатнокии маҳсулоти саноатӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат таваҷҷуҳ карда шуда, зимни таҳияи лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» масъалаҳои рушди неруи инсонӣ, тақвияти иқтидор, истифодаи васеи технологияҳои инноватсионӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, тавсеаи иртиботи илм ва истеҳсолот ва гузариш ба иқтисодиёти инноватсионӣ бояд аз ҷумлаи афзалияти аввалиндараҷа бошанд.

Аҳамияти муҳимми нишондодҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ муайяншуда аз он иборат аст, ки зимнан ташаккули маърифати молиявӣ, фарҳанги баланди андозсупорӣ, истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ дар бахшу соҳаҳои алоҳидаи иқтисоди миллӣ, ҷалби бештари пасандозҳо ва рушди инфрасохтори бонкӣ бо фарогирии ноҳияҳои дурдаст ҳамчун вазифаҳои афзалиятдошта эътироф карда шуданд. Бояд гуфт, ки татбиқи босамари ин дастур имконият медиҳад, ки сатҳи фарогирии молиявӣ баланд бардошта шуда, дастрасии аҳолии мамлакат ба хизматрасонии босифати бонкӣ ва фаъолнокии соҳибкорӣ таъмин карда шавад.

Вусъати равандҳои рақамикунонӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳим ва афзалиятдор эътироф гардида, ба мақомоти дахлдори давлатӣ супориш дода шуд, ки ба масоили такмили қонунгузории соҳа, рушди инфрасохтори рақамӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, рушди сармояи инсонӣ ва омодакунии мутахассисони баландихтисоси соҳавӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, таъмини амнияти киберӣ ва тавсеаи муносибатҳо дар самти соҳибкории рақамӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

Бо назардошти нақш ва мақоми технологияҳои рақамӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шаванд. Дар ин замина пешниҳоди дигар барои таъсиси Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва ташкили факултаю кафедраҳои дахлдор дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ аҳамияти муҳимму стратегӣ дорад. Татбиқи амалии ин пешниҳод имконият медиҳад, ки барои вусъати равандҳои рақамикунонӣ ва рушди иқтисодиёти инноватсионӣ мутахассисони баландихтисос омода карда шаванд.

Рушди соҳибкории миллӣ, махсусан соҳибкории истеҳсолӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Вобаста ба ин дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ низ ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир карда шуда, барои коҳиш додани санҷиши субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, маҳдуд кардани шумораи санҷишҳо ва такмили қонунгузории дахлдор пешниҳодҳои муассир манзур карда шуданд. Масалан, пешниҳод гардид, ки то 1 январи соли 2027 ба ҳама намуд санҷиши субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз моратория эълон карда шавад. Дар баробари ин пешниҳод барои  таҳияи стратегияи ҷалби сармоя ва такмили механизми татбиқи имтиёзҳои андозӣ низ қобили таваҷҷуҳи хоса мебошанд.

Таҳлилу натиҷагирӣ аз татбиқи ҳадафҳои рушди миллӣ низ аз он шаҳодат медиҳад, ки модели интихобкардаи рушди иқтисодӣ самарабахш мебошад. Таъсиси ҳазорҳо корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ, даҳҳо ҳазор ҷойи нави кор ва зиёд шудани ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ аз ҷумлаи дастовардҳои назаррас ба шумор меравад. Пешниҳод бобати танзими шароити мусоид барои рушди саноати миллӣ, ҳавасманд намудани фаъолияти инноватсионӣ, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулот ва гуногуннавъии он ва коҳиши содироти ашёи хом дорои аҳамияти муҳим мебошанд.

Ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар рушди энергетикаи миллӣ беназир буда, имрӯзҳо Тоҷикистон ҳамчун мамлакати истеҳсолкунандаи неруи «сабз» дар сархати раддабандиҳои ҷаҳонӣ қарор дорад. Таҷдиду насозӣ ва бунёди иншооти бузурги энергетикӣ ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта замина гузошта, ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи майи соли 2027 мамлакати мо ба истиқлолияти комили энергетикӣ дастёб мегардад. Бо ин мақсад дар ҷумҳурӣ таҳия ва татбиқи барномаҳои соҳавӣ идома ёфта, раванди сармоягузориҳо ба соҳа таҳким бахшида мешавад.

Дар заминаи татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти таваҷҷуҳашон қарор гирифтани рушди соҳаи роҳу нақлиёт Тоҷикистон аз қаламрави се порча ба якпорча табдил дода, иртиботи фарофаслии минтақаҳои алоҳидаи мамлакат таъмин карда шуд. Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ва хориҷӣ ба инқилоби соҳавӣ мусоидат намуд. Тибқи арзёбии байналмилалӣ Тоҷикистон аз рўйи шохиси сифати роҳҳо мавқеи худро беҳтар намуда, дар миқёси давлатҳои собиқ шӯравӣ мақоми дуюмро ишғол менамояд. Рушди соҳаи роҳу нақлиёт на танҳо ба ҳаракати доимӣ, балки ба коҳиши хароҷоти ҳамлу нақли мусофирону молу маҳсулот ва рушди соҳаи саёҳӣ низ мусодат мекунад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид, ки баланд бардоштани сатҳи накуаҳволии мардуми мамлакат аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад пешниҳод карда шуд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 20 фоиз ва музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад.

Танҳо дар 5 соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ 100 фоиз зиёд карда шуд. Тадбирҳои дар самти тақвияти дастгирии иҷтимоии аҳолӣ андешида имконият доданд, ки сатҳу сифати зиндагии мардум баланд бардошта шавад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчунин ба масъалаи рушди илму маориф ва фарҳангу тандурустӣ таваҷҷуҳ карда шуд, ки ин соҳаҳо аз ҷумлаи соҳаҳои калидии ташаккулдиҳандаи сармояи инсонӣ ба ҳисоб мераванд. Ташаккули сармояи инсонии босифат ва рушди фаъолияти илмию таҳқиқотӣ асоси вусъати технологияҳои рақамӣ ва рушди инноватсионӣ мебошад. Вобаста ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба рушди илмӣ ватанӣ, ихтироъкорӣ, омода кардани кадрҳои илмӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дастур доданд, ки барномаҳои соҳавӣ таҷдиди назар карда шуда, барои рушди илми ватанӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад.

Ҳамин тавр, ба андешаи мо татбиқи саривақтию босифати нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди устувори иқтисоди миллӣ замина гузошта, пояҳои моддии Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдати миллиро тақвият мебахшад.

Декабрь 30, 2024 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ такондиҳандаи рушди фарҳанги миллӣ мебошад
ТО ШАБАКАҲОИ 5G ИНКИШОФ ДОДАНИ ИНФРАСОХТОРИ РАҚАМӢ. Ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ тақвияти кор дар чанд самти асосӣ таъкид гардид
РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ роҳнамои таъмини амнияти миллӣ мебошад
ТАРБИЯИ ШАХСИЯТИ ИННОВАТОР – ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Бардошт аз Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вобаста ба омӯзиши Паёми Президенти Тоҷикистон ҷаласа доир шуд
Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроия ва Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
ПАЁМ-РОҲНАМО БА СӮИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли мунтазами чормағз организмро ҷавон ва таъсири афсурдаҳолиро рафъ месозад
Дар ҳама шаҳру ноҳияҳои сераҳолии Тоҷикистон марказҳои касбомӯзию хизматрасонӣ ва рушди малака таъсис дода мешаванд
Барои мо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир хусусияти роҳнамоӣ дорад
Президенти Тоҷикистон: «Дар фарҳангу тамаддуни тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад»