«СЕТОР». Ин гулчини ғазалиёт ғолиби номинатсияи «Китоби назм» дар соли 2024 гардид
ДУШАНБЕ, 25.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 24 декабр дар шаҳри Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2024» доир гардид, ки дар номинатсияи «Китоби назм» муаллифон Фарзона бо гулчини ғазали «Сетор», Муҳаммад Ғоиб бо китоби «Хандаи талх» ва Бузургмеҳри Баҳодур бо китоби «Тоҷик будан дар ин саро душвор аст» ғолиб дониста шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳадаф аз баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2024» дарёфти беҳтарин китобҳои сол буд, ки ба меъёрҳои санъати сухан ва забони адабӣ ҷавобгӯ бошанд.
Мазмуну муҳтавои ин китобҳо бояд мавзуъҳои худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва амнияти мамлакатро фаро гиранд, ба завқи алоқамандони каломи бадеъ созгор афтода, дар дили хонанда оташи меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан, обу хоки Тоҷикистонро барафрӯзанд ва ҳамчунин бо ороишоти хуб муқовабандӣ шуда бошанд.
Китобҳое, ки соли 2024 аз тарафи муаллифон дар чопхонаҳои ҷумҳурӣ ба нашр расида, барои иштирок дар озмуни «Китоби сол-2024» ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон пешниҳод гардиданд, қабл аз натиҷагирӣ барои омӯзиш, баррасӣ ва баҳогузорӣ ба ҳайати ҳакамон пешкаш шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ба Озмуни «Китоби сол-2024» аз тарафи муаллифон ва ноширон 55 китоби тозанашри бадеии назму наср, публисистӣ, назму насри бачагона ва тарҷума пешниҳод гардид.
Тавре иттилоъ дода шуд, на ҳама китобҳои пешниҳодгардида аз лиҳози сифати чоп, жанри бадеӣ ва тартиби ҳуҷҷатнигорӣ ба талаботи шартҳои озмун мувофиқат карда, ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ» ҷавобгӯ буданд. Бинобар ин китобҳои солҳои 2022 ва 2023 нашршуда аз иштирок дар озмун хориҷ карда шуданд.
Дар номинатсияи «Китоби наср» китобҳои «Як дарси аҳду вафо»-и Кароматуллоҳи Мирзо, «Имтиҳони қисмат»-и Шодӣ Раҷабзод ва «Қасоси модагург»-и Ховари Пӯлод ғолиб дониста шуданд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






