Сиёсати хориҷии давлат – самти муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 31.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Самти сиёсати хориҷии давлат дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ» ба Маҷлиси Олӣ бо ду асос зарурати воқеӣ дорад. Аз як ҷониб, зимни пешниҳоди Паём дар толор дар қатори кормандони касбу кори гуногуни давлат, инчунин намояндагони корпусҳои дипломатии муқими давлат, созмонҳои байналмилалӣ низ ҳузур доранд, ки онҳо аз паёмҳои ҳамасола интизории пешниҳодоти муҳимми дорои хусусият ва аҳаммияти байналмилалӣ, густариши ҳамкории байналмилалии мамлакат бо тақвият додани дипломатияи дуҷониба ва бисёрҷонибаро доранд. Аз ҷониби дигар, Президенти мамлакат маҳз дар ҳузури намояндагони болозикри хориҷӣ оид ба омода будани Тоҷикистон ба густариши сиёсати хориҷии давлати мо бо дилхоҳ давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар тарафҳои манфиатдор бо пеша намудани сиёсати «дарҳои кушод» иброз медоранд. Чунин изҳори назар намудааст Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид гардидааст.
28 декабри соли равон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ» ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид. Воқеан, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз паёмҳои қаблӣ бо пешниҳодоту вазифагузориҳои муфид ва саривақтӣ фарқ менамояд. Тавре ки аз номи паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, Паём дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ном бурда мешавад. Яъне, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳарвақта зимни пешниҳоди Паёми навбатиашон сараввал оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилии давлат дар алоҳидагӣ гуфта гузашта, баъдан дар бораи самтҳои асосии сиёсати хориҷии давлат ибрози назар менамоянд.
Дар бораи сиёсати хориҷӣ сухан намуда, Пешвои миллат дар Паём аввалан оид ба вазъи ноором ва равандҳои пуртазоду мураккаб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки пайомадҳои буҳронии сиёсиву иқтисодӣ дорад, гуфта гузаштанд.
Дар ҳақиқат, мо имрӯзҳо дар пешорўйи дигаргуниҳои азими ҷаҳон қарор дорем. Мо наметавонем вазъи ҷаҳони имрўзаро муътадил, мустаҳкам арзёбӣ намоем, чунки мо шоҳиди чӣ қадар низоъҳои дохилию минтақавӣ, офатҳои табиӣ, аз қабили обшавии босуръати пиряхҳо, ифлосшавии табиат, хушксолӣ гармии бемайлон, камбизоатӣ ва дигар мушкилот гашта истодаем. Ва албатта, Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо инобати чунин рўйдодҳои олами имрўза тадбирҳои судмандро ба сомон мерасонанд.
Президенти мамлакат аз сиёсати «дарҳои боз» ёдовар шуда, оид ба густариши ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар алоҳидагӣ иброз намуданд. Тибқи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2015 тасдиқ гардидааст, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои боз», сулҳхоҳона ва беғараз буда, зимни татбиқи он, Тоҷикистон омода аст бо ҳама кишварҳои дуру наздик робитаҳои дўстона ва эътирофи манфиатҳои тарафайнро дар асоси эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкории мутақобили судманд густариш диҳад.
Дар ҳақиқат, имрўз Тоҷикистон бо 183 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, 192 давлат истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф намудааст. Тоҷикистон дар заминаи моддаи 11 Конститутсияи мамлакат ба созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ аъзо буда, аз арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ дифоъ менамояд, дар масоили ҷаҳонӣ назари худро матраҳ месозад ва пешниҳодоти мушаххасро дар бораи ҳалли ин масоил ба миён мегузорад. Гузашта аз ин, то имрўз Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам беш аз 2100 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонидааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ-техникӣ, амният, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳо фаро мегиранд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба самти муҳим — ҳимояи ҳуқуқу озодӣ, шаъну шараф ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат гуфта шуд, ки ин яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат мебошад.
Дар ҳақиқат, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои асосии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар берун аз ҳудуди мамлакат вазифаи бевоситаи давлат дар симои мақомоти давлатӣ ба шумор меравад. Ин аст, ки тибқи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро дар қатори дигар принсипҳо, дар асоси принсипҳои эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдии инсон, риояи принсипи волоияти ҳуқуқи байналмилалӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ амалӣ месозад. Албатта, ин принсипҳо аз талаботи моддаҳои 10 ва 11 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегиранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ изҳор намуданд, ки «стратегияи мамлакати мо зимни рушду тавсеаи муносибатҳо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ минбаъд низ дар заминаи ҳусну эътимод ва самимият бо ҳадафи мусоидат дар таҳкими фазои сулҳу субот ва таъмин намудани рушду пешрафти муштарак дар минтақа бунёд мегардад». Бояд иброз намуд, ки дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои ҳамсоя ва минтақа мақоми авлавиятнокро ишғол менамоянд. Тоҷикистон ҷонибдори дар ҳама маврид вусъат бахшидани таҷрибаи мусбат, бисёрасра ва созандаи ҳамзистии дӯстонаи мардумони Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба густариши ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, кишварҳои Аврупо, Амрико, Ховари Миёна ва давлатҳои дигари қитъаи дунё сухан гуфта шуд. Ҳамзамон иброз гардид, ки «мо аз тавсеаи робитаҳо, бахусус дар самтҳои рушди иқтисоди «сабз», ҳифзи муҳити зист, технологияҳои навин, ҷалби сармоя ва тиҷорат истиқбол менамоем».
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ инчунин оид ба вусъат бахшидани ҳамкорӣ бо ҳама созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва ниҳодҳои дигар сухан гуфта шуд. Мусаллам аст, ки дар шароити густариши босуръати ҷаҳонишавӣ ва тавсеаи рӯзафзуни равандҳои ҳамгироии сиёсиву иқтисодӣ дар арсаи ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории бисёрҷониба бо созмонҳову ниҳодҳои минтақавию байналмилалиро чун вусъат додани дипломатияи бисёрҷониба аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ мешуморад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бори дигар оид ба ташаббусҳои созандаи давлатамон дар арсаи байналмилалӣ доир ба пешбурди мавзуъҳои обу иқлим изҳори назар шуда, иброз шуд, ки соли 2025 Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид мизбони аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо хоҳад буд. «Мо бояд ҳамкориро дар самти обу ҳифзи пиряхҳо, баррасии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ дар доираи имконияти мавҷуда идома дода, ҷиҳати тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар қолаби «Раванди оби Душанбе» тадбирҳои зарурӣ андешем».
Ёдовар бояд шуд, ки ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати қабул гардидани Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025, инчунин 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро қаблан ва то имрӯз тамоми кишварҳо, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бо хушнудӣ пазируфта, ҳамкориро дар ин самт бо Тоҷикистон тақвият дода истодаанд, ки ин боиси ифтихори мардуми шарафманди Тоҷикистон аст.
Президенти мамлакат зимни суханронӣ дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар шакли видеоконференсия 3 марти соли 2021 баргузор гардид, таъкид доштанд, ки обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ гардидааст ва ин омил, дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва накӯаҳволии садҳо миллион сокинони Замин, хусусан дар кишварҳои хурди ҷазиранишин ва минтақаҳои наздисоҳилии онҳо таҳдид ба бор орад. Маҳз дар ин ҷаласаи сатҳи баланд Пешвои миллат ин ташаббусҳоро пешниҳод намуданд ва он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба пазируфта шуд. Дар ҳақиқат мо бояд аз чунин иқдомҳои созанда, пешниҳодоти сатҳи ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва умуман саҳми арзишманди Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон ва минтақа ифтихор намоем, чунки ин ташаббусҳо саривақтӣ ва бисёр муҳим арзёбӣ мегарданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҳамчунин иброз доштанд, ки «Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад. Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем».
Воқеан, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) низ ба дастовардҳое дар заминаи муаррифии осори фарҳангию таърихии миллати тоҷик ноил шудааст, ки баъзе аз онҳоро номбар кардан мумкин аст:
— соли 2002 пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба ҳайси «Шаҳри сулҳ» сазовори ҷоизаи ЮНЕСКО гардид;
— соли 2003 «Шашмақом» ҳамчун шоҳкории шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ба феҳристи ЮНЕСКО ворид карда шуд;
— соли 2010 бо қарори Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шаҳраки қадимаи «Саразм» ба феҳристи мусаввараҳои мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид;
— соли 2010 дар Иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифта, 21-уми март Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардид ва ин ҷашни фархундаи ниёгон ба феҳристи мероси ҷаҳонии созмони ЮНЕСКО ворид шуд;
— соли 2013 бо қарори ҷаласаи 36-уми Кумитаи Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО «Боғи миллии Тоҷикистон – Кӯҳҳои Помир» ба феҳристи Мероси табиии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шуд;
— соли 2013 дар шаҳри Париж- дар қароргоҳи ЮНЕСКО муаррифии китоби «Меъмори сулҳ», ки ба саҳми пурарзиши Президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил дар мамлакат бахшида шуда буд, баргузор гашт;
— соли 2018 ЮНЕСКО чаканро ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид намуд.
Ин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ ба вазоратҳои дахлдори ҷумҳурӣ супориш доданд, ки маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550 – солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд.
Эъломияи Куруши Кабир, ки аз фарҳанги ориёӣ ва ақидаҳои инсондӯстӣ сарчашма мегирад, нахустин ҳуҷҷати таърихиест, ки эҳтироми ҳуқуқ, озодии мазҳабу эътиқод ва ҳифзи дороии шаҳрвандонро пуштибонӣ кардааст ва ин ҳуҷҷат соли 539 пеш аз милод аз ҷониби Куруш ба тасвиб расида буд. Ин санад яке аз бузургтарин ислоҳоти иҷтимоӣ ва Эъломияи таърихии ӯст, ки дар шакли паём ба сокинони гуногунзабону гуногунмазҳаби қаламрави паҳновараш ирсол намуда буд ва аз ҷониби олимони ҳуқуқшиноси ҷаҳон ҳамчун нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон эътироф гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз дар асари пурарзиши худ «Чеҳраҳои мондагор» баён намуданд, ки Куруши Кабир 2500 сол аз ин муқаддам ба тарзи давлатдории дунявӣ асос гузоштааст.
Ин ташаббуси навбатии Пешвои миллат метавонад таваҷҷуҳи тамоми ҷомеаи ҷаҳонро аз мавҷудияти таъриху фарҳанги бойи миллатамон, мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои муҳимми таърихӣ, ба монанди ин Эъломия ва ба ин васила барои эҳтиром, эътироф ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба худ ҷалб намояд.