Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
ДУШАНБЕ, 20.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз масъалаи тағйирёбии иқлим воқеан на танҳо экологҳо, балки тамоми мардуми оламро ба ташвиш овардааст. Гармшавии бесобиқаи ҳаво, афзудани таркиби озони атмосфера, ба амал омадани офатҳои гуногуни табиӣ ва дар натиҷа ворид гардидани хисороти зиёд ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии давлатҳо- ин ҳама нишонаҳои тағйир ёфтани иқлими сайёра мебошанд. Ҳоло ин мушкилӣ ба яке аз масоили мубрами глобалии сайёра мубаддал гардидааст.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 сентябри соли равон зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид иброз доштанд, ки «солҳои охир офатҳои табиӣ дар баробари хушксолиҳои пайдарпай ба соҳаҳои кишоварзӣ, муҳити зист ва дар маҷмуъ ба иқтисодиёти кишварҳои рӯ ба тараққӣ хисороти зиёд ворид менамоянд. Тоҷикистон низ, ки 93 фоизи қаламраваш кӯҳсор мебошад, бинобар мунтазам рух додани офатҳои табиӣ аз тағйирёбии иқлим осебпазир аст».
Қабл аз ин, 17 августи соли равон Президенти Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ҳамоиши сеюми Садои ҷаҳони Ҷануб таҳти унвони «Тақвияти ҷаҳони Ҷануб барои ояндаи устувор» иброз намуда буданд, ки «раванди тағйирёбии иқлим имрӯз нишони он аст, ки эҳтимол дар чанд соли оянда вобаста ба баландшавии ҳарорати ҳаво мо шоҳиди боз дигар рақамҳои рекордӣ гардем».
«Тобистони соли 2024 дар саросари ҷаҳон садҳо миллион нафар ба гармои шадид дучор шуданд. Моҳи июли соли 2024 давоми тамоми таърихи мушоҳидаҳо моҳи аз ҳама гармтарин буд»,- иттилоъ додааст Созмони ҷаҳонии метеорологӣ бо истинод ба маълумоти Раёсати миллии таҳқиқоти уқёнусӣ ва фазоии ИМА.
Гармои тӯлонӣ ва шадид бори дигар зарурати амалҳои фавриро дар мубориза бо тағйирёбии иқлим ва мутобиқ шудан ба пайомадҳои он таъкид мекунад. Ба таъкиди коршиносони экологӣ, «танҳо мутобиқшавӣ ба иқлим кофӣ нест. Мо бояд сабабҳои аслии онро пайдо ва нисбат ба коҳиш додани сатҳи рекордии партовҳои газҳои гулхонаӣ муносибати ҷиддӣ кунем».
Иқлимшиносон тасдиқ кардаанд, ки соли 2024 гармтарин сол дар таърих хоҳад буд. Олимон аз Хадамоти аврупоии тағйирёбии иқлим «Коперник» пас аз таҳлили маълумоти 11 моҳ- шуруъ аз январ то ноябри соли 2024 ба ин хулоса омаданд, хабар медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба АЗЕРТАҶ.
Тибқи натиҷаҳои таҳқиқот, ҳарорати ҳаво дар сайёра моҳи ноябр аз сатҳи пешазсаноатӣ 1,62 дараҷа баланд буд. Пешгӯӣ мешавад, ки ҳарорати миёнаи сол аз нишондиҳандаи асри XIX 1,60 дараҷа (дар рекорди қаблии гармӣ дар соли 2023 — 1,48 дараҷа) боло хоҳад рафт.
Дар таҳқиқот инчунин гуфта шудааст, ки соли 2024 аввалин соле хоҳад буд, ки дар он ҳарорати миёна аз сатҳи пешазсаноатӣ беш аз 1,5 дараҷа зиёд мешавад. Олимон мегӯянд, ки амалҳои васеъмиқёси мубориза бо тағйирёбии иқлим ҳоло назар ба ҳар вақти дигар «таъхирнопазиртар» гардидаанд.
Дар охири соли 2023 бисёр давлатҳо уҳдадории глобалӣ гирифтанд, ки аз сӯзишвории истихроҷшаванда даст кашанд. Бо вуҷуди ин соли 2024 партовҳои газҳои гулхонаӣ афзоиш ёфтанд. Барои нигоҳ доштани гармии аз 1,5 дараҷа болотар дар сатҳи пешазсаноатӣ то соли 2030 партовҳо бояд 45% коҳиш дода шаванд.
Буҳрони иқлимӣ ҳодисаҳои фавқулодаи обу ҳаво: мавҷҳои гармии ғайримуқаррарӣ ва бошиддат, тӯфонҳо ва обхезиҳоро шадидтар мекунад. Олимони хадамоти «Коперник» изҳор намуданд, ки соли 2024 дар Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ сӯхтори махсусан шадиди ҷангалҳо авҷ гирифт. Онҳо инчунин ба ботлоқзори Пантанал, ки аз гуногунии биологӣ бой мебошад, таъсир расониданд.
Миқёси баъзе сӯхторҳо, бахусус дар Боливия, Пантанал ва бархе музофоти Амазонка ба сатҳи таърихӣ расид. Онҳо боиси сатҳи баланди ифлосшавии ҳаво дар тамоми қитъаҳо гардиданд, ки давоми якчанд ҳафта идома ёфт.
Зарари иқтисодии бар асари ҳодисаҳои нохуши обу ҳаво расида низ меафзояд. Талафоти тахминӣ барои соли 2024 320 миллиард доллар арзёбӣ мешаванд, ки ин 6% бештар аз соли 2023 ва 25% бештар аз ҳисоби миёнаи 10 соли охир мебошад,-иттилоъ медиҳад The Guardian.
Таҳқиқоти дигар нишон дод, ки мизони гази карбон дар атмосфераи Замин аз сатҳи пешазсаноатӣ 151% зиёдтар аст. Давоми 20 соли охир сатҳи CO2 зиёда аз 10% афзудааст. Консентратсияи метан 265 фоиз ва оксиди азот 125 фоиз зиёд шудааст. Дар маҷмуъ, микдори заррачаҳои ифлоскунанда дар атмосфераи сайёра ба дараҷаи рекордӣ расидааст. Ин таҳқиқотро коршиносони Созмони ҷаҳонии метеорологӣ анҷом додаанд.
Масъалаи дигари ташвишоваре, ки ба тағйирёбии иқлим рабт дорад, ин биёбоншавӣ мебошад. Иштирокдорони Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба биёбоншавӣ уҳдадор шуданд, ки барои дастгирии кишварҳои осебпазир беш аз 12 миллиард доллар ҷудо намоянд.
Тавре 17 декабри соли равон АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи «Ахбори СММ» иттилоъ дод, дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ бузургтарин конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба таназзули замин, биёбоншавӣ ва хушксолӣ доир гардид. Вакилон уҳдадор шуданд, ки барои мубориза бо ин ҳолатҳо, бахусус дар кишварҳои осебпазиртарин беш аз 12 миллиард доллар ҷудо намоянд.
Тақрибан 200 кишваре, ки дар Конфронси 16-уми Тарафҳо (COP16)-и Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо биёбоншавӣ иштирок намуданд, уҳдадор шуданд, ки барқарорсозии замин ва тақвият додани устуворӣ нисбат ба хушксолиро низ ба сиёсати худ ворид кунанд.
Зимни ин конфронс муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммад таъкид кард, ки «кори мо бо анҷом ёфтани конфронс тамом намешавад. Мо бояд мубориза бо буҳрони иқлимро идома диҳем — ин даъват ба амал барои ҳамаи мо аст, то фарогир, навовар ва устувор бошем. Ҷавонон ва мардуми бумӣ бояд дар маркази ин баҳсҳо бошанд. Хирад, садо ва эҷодкории онҳо барои бунёди ояндаи устувори наслҳои оянда ҳатмӣ ва ивазнашаванда аст».
Дар конфронс гуфта шуд, ки барои барқарор кардани беш аз як миллиард гектар заминҳои таназзулёфта ва баланд бардоштани устуворӣ нисбат ба хушксолӣ то соли 2030 ҳадди ақалл 2,6 триллион доллар сармоягузорӣ кардан зарур аст.
Зимни ҳамоиш ташаббусҳои нав, аз қабили Шарикии глобалӣ барои муқовимат ба хушксолӣ, ки барои дастгирии 80 кишвари осебпазири дунё 12,15 миллиард доллар ҷалб намуд, эълон карда шуданд. Илова бар ин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, чанд давлати дигар ва шарикони онҳо эълон карданд, ки барои рушди ташаббусҳо оид ба мутобиқсозии зироати кишоварзӣ ва хок ба шароити тағйирёбандаи иқлим тақрибан 70 миллион доллар сармоягузорӣ мекунанд.
Дар конфронс, аз ҷумла далелҳо барои исботи он пешниҳод шуданд, ки аз чор се ҳиссаи сатҳи аз ях озоди Замин давоми 30 соли охир хушктар шудааст. Тибқи пешгӯиҳо, то соли 2100 дар заминҳои лалмӣ 5 миллиард нафар зиндагӣ хоҳанд кард.
Дар арафаи COP-17, ки соли 2026 дар Муғулистон баргузор мешавад, ҷонибҳои Конвенсия тасмим гирифтанд, ки чораҳои идоракунии устувор, барқарорсозӣ ва ҳифзи чарогоҳҳоро пурзӯр кунанд. Ин экосистемаҳое, ки нисфи сатҳи замини ҷаҳонро фаро мегиранд, аксар вақт аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ нодида гирифта мешаванд. Зимнан онҳо назар ба ҷангалҳои тропикӣ зудтар нест мешаванд.
Таназзули алафзор ба як ҳисса аз шаш ҳиссаи захираи ғизоии ҷаҳон таҳдид мекунад ва метавонад сабаби камшавии сеяки захираҳои карбон дар Замин гардад. Тақрибан ду миллиард одамоне, ки дар минтақаҳои чарогоҳ зиндагӣ мекунанд, махсусан аз таназзули замин ва хушксолӣ зарар мебинанд.
Имрӯз вобаста ба тағйирёбии иқлим моро зарур аст, ки талошу амалҳоямонро барои ҳалли мушкилоти иқлимӣ бамаротиб зиёд кунем. Қабул ва татбиқи принсипҳо оид ба пешгирии гармшавии глобалӣ, коҳиши газҳои гулхонаӣ ва баланд бардоштани арзишҳои маърифати экологӣ имкон медиҳад, ки аз назарияи қаблӣ доир ба он ки табиат манбаи беохир ва бепоёни захираҳои табиӣ аст, даст кашида шавад. Ин имкон фароҳам меорад, ки нисбат ба табиат ва захираҳои он ҳамчун сарвати арзишманд муносибати эҳтиёткорона ва ҳифзи доимӣ ба роҳ монда шавад.
Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз