ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
17 декабри соли 2012 дар Туркия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони доктори фахрии бахши робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи Мавлоно сарфароз гардонида шуданд.
***
17 декабри соли 2012 дар Туркия Ёддошти тафоҳуми Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва ширкати Кока-колаи Туркия доир ба ҳамкорӣ ба имзо расид.
***
11 сол қабл, 17 декабри соли 2013 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ: ҷиҳатҳои сиёсӣ ва иқтисодию башардӯстонаи ҳамгироии АвруОсиё» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 сафари давлатии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон бо маросими истиқболи бошукуҳи расмӣ дар назди қасри Раштрапати Бҳавани Президенти ин кишвар оғоз ёфт. Зимни ворид шудани меҳмони олимақом- Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даромадгоҳи қаср тибқи муқаррароти расмии сафарҳои давлатӣ аз тӯпхонаҳо 21 шиллик паронда шуд.
***
6 сол пеш, 17 декабри соли 2018 Шурои Маҷлиси намояндагон «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020»-ро дар самти таъмини амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.
***
17 декабри соли 2021 ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ доир шуд
***
17 декабри соли 2022 Шаҳло Саидалиева- хонандаи синфи 10-и Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Данғара соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардид.
17 ДЕКАБР:
Рӯзи кинои Беларус.
***
Дар Бутан — Рӯзи миллӣ.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААСТ:
Моёншо Назаршоев -соли 1929, арбоби давлатӣ, вакили Парлумони Тоҷикистон, олим, доктори илмҳои таърих, профессор. Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон.