ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
19 декабри соли 2009 дар шаҳри Душанбе машварати «Воситаҳои ахбори омма ва ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ» баргузор гардид.
***
19 декабри соли 2010 дар шаҳри Душанбе рӯнамоии лоиҳаи нави «Ҳифзи фарҳанги мусиқии анъанавӣ ба воситаи иштироки ҷомеаи маҳаллӣ» доир шуд.
***
19 декабри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва дар ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иштирок намуданд.
***
19 декабри соли 2014 дар ноҳияи Данғара бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бузургтарин маҷмааи коргоҳҳои нассоҷӣ дар Осиёи Марказӣ оғоз бахшида шуд, ки дар марҳилаи аввали он беш аз 52 000 тонна нахи пахта мавриди коркарди саноатӣ қарор мегирад.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «ВАО-и русзабон дар шароити ҷомеаи иттилоотии Тоҷикистон» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
***
Соли 2016 калонтарин ҳавопаймои вақти Тоҷикистон — Boeing 767300 ба парвоз шуруъ намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Душанбе-2017 иштирок намуданд.
***
19 декабри соли 2018 дар Қасри миллат таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои амнияти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
***
19 декабри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар намуданд.
***
19 декабри соли 2022 дар Тошканд дастовардҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ муаррифӣ шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 таҳти ҳамраисии намояндагиҳои доимии Тоҷикистон ва Аргентина дар Созмони Милали Муттаҳид нишасти нахустини Гурӯҳи «Дӯстони пиряхҳо» дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ташкил гардид.
19 ДЕКАБР:
Рӯзи байналмилалии кумак ба камбизоатон.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Мушаррафа Қосимова — соли 1918— ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1974). Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.