ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст

Декабрь 25, 2024 08:00

25 декабри соли 2009 дар пойтахти  Тоҷикистон маросими рӯнамоии  саҳмияҳои Неругоҳи барқи обии «Роғун» баргузор гардид.

***

25 декабри соли 2009  дар шаҳри Душанбе Нақшаи ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо Муассисаи наҷоти атфоли Созмони Милали Муттаҳид дар бораи амалӣ сохтани барномаи тадбирҳо барои солҳои 2010 – 2015 ба имзо расид.

***

25 декабри соли 2010 дар фарҷоми ҳамоиши 11–уми сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) дар шаҳри Истанбули Туркия ҷоизаи созмон дар самти фарҳанг барои дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба олим ва фарҳангшиноси тоҷик Фароғат Азизова супорида шуд.

***

25 декабри соли 2012 дар ҷаласаи Шурои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Лоиҳаи «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» баррасӣ гардид.

***

25 декабри соли 2013 ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Ҳиндустон муҳокима гардид.

***

25 декабри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат»-ро ба имзо расониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хабарнигори ТАСС мусоҳиба ороста, оид ба асосҳои ҳамкории дуҷонибаи Душанбе ва Москва ибрози андеша намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш  ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба якдилона қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Арзёбии фарогири миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки бо ибтикори ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳаммуаллифии 190 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид пешбарӣ гардид, барқияи шодбошӣ ирсол намуд.

***

25 декабри соли 2023  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ бобати иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии роҳбарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ташриф оварданд.

25 ДЕКАБР:

Дар Мозамбик – Рӯзи оила.

ДАР ИН РӮЗ  ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Камол Насрулло- соли 1950 — Шоири халқии Тоҷикистон (2003). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1979). Дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1998).

Декабрь 25, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст