ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 декабр, сешанбе, 366-умин рӯзи соли 2024 аст

Декабрь 31, 2024 08:00

31  декабри  соли  1925 бо қарори  ҳайати раёсати Кумитаи  инқилобии Ҷумҳурии худмухтори  шуравии  сотсиалистии Тоҷикистон шуъбаи  ТАСС  дар  Тоҷикистон таъсис  ёфта  буд,  ки баъдан шуъба  мақоми Агентии телеграфии  Тоҷикистон (ТоҷикТА)-ро касб  намуд. Ҳоло ТоҷикТА ба Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» -и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйири ном намуда, ҳамчун манбаи расмии иттилоотии Тоҷикистон шинохта шудааст.

***

31 декабри соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти вақти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд. Сарони давлатҳо якдигарро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, ба сатҳи ҳамкории гуногунҷанбаи байни ду давлат баҳои баланд доданд.

***

31 декабри соли 2009 мулоқот ва намоишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон ва Дубай доир шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ гардид.

***

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе аввалин ҷаласаи муштараки Комиссия оид ба сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид.

***

31 декабри соли 2020 намояндаи Тоҷикистон ғолиби номинатсияи «Беҳтарин овозхон» дар Озмуни байналмилалии телевизионии «Во весь голос 2020» гардид

***

Дар ин рӯзи соли 2022 Паёми шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2023 ироа гардид.

31 ДЕКАБР

Рӯзи ҳамраъйии озарбойҷониёни тамоми ҷаҳон.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААСТ:

Бобоҷон Ғафуров— соли 1908- Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби сиёсию давлатӣ, муаррихи барҷаста, шарқшиноси машҳури тоҷик, доктори илми таърих, профессор, узви пайвастаи АИ Тоҷикистон (1951), Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1967).

Декабрь 31, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 сентябр, душанбе, 244-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, якшанбе, 243-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, шанбе, 242-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 август, ҷумъа, 241-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, панҷшанбе, 240-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, чоршанбе, 239-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, сешанбе, 238-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, душанбе, 237-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, якшанбе, 236-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, шанбе, 235-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, ҷумъа, 234-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, панҷшанбе, 233-юмин рӯзи соли 2025 аст