Вобаста ба нақши дипломатияи фарҳангӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ва Эрон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 20.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 17-18 декабр дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавзуи «Нақши дипломатияи фарҳангӣ дар рушди иқтисод» аз ҷониби Минтақаи озоди саноатии Мокуи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар якҷоягӣ бо Институти байналмилалии конвергенсияи фарҳангҳо конфронс баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар конфронс муовини якуми Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Насимҷон Анваров дар мавзуи «Нақши дипломатияи фарҳангӣ дар рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон» маъруза намуд.
Дар конфронс масъалаҳо вобаста ба густариши ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон, иштироки фаъол дар намоишгоҳҳои ҳарду давлат, афзоиши ҳаҷми савдои хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар панҷ минтақаи озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имконияти васеи истифодаи роҳҳои транзитии мамлакат барои ворид шудан ба бозорҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад






