ЗИМИСТОН ФАРО РАСИД. Дар моҳи аввали ин фасл ҳарорати ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст пешгӯӣ мешавад

Декабрь 1, 2024 15:40

ДУШАНБЕ, 01.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳавои моҳи аввали зимистони соли равон ба ҳавои моҳи декабри соли 2013 монанд мешавад. Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ- 1 дараҷа паст пешгӯӣ мешавад. Миқдори моҳонаи бориш дар ҳудуди меъёри иқлимӣ буда, дар баъзе минтақаҳо аз меъёр кам ва дар баъзеашон аз меъёр зиёд пешгӯӣ мешавад.

Дар моҳи декабри имсол дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа пасттар пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 3+5 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 1+3 дараҷа гарм мешавад. Давоми моҳи декабр тағйирёбии ҳарорати ҳаво аз эҳтимол дур набуда, рӯзҳои алоҳида ҳарорати ҳаво баланд шуда, то ба 17 дараҷа мерасад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5 дараҷа ва рӯзона 1+6 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Инчунин дар охири моҳ пастшавии назарраси ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 3+2 дараҷа гарм мешавад.

Давр вилояти Суғд моҳи декабр ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа пасттар пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо то 2 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 1-5 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво аз эҳтимол дур набуда, дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона то 8 дараҷа гарм мешавад. Инчунин дар рӯзҳои алоҳида ҳарорати ҳаво баланд шуда, ҳаво то 14 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 3 дараҷа гарм ва то 3-8 дараҷа хунук пешгӯӣ мешавад. Дар охири моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо рӯзона то 2 дараҷа хунук ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13 ва рӯзона то 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Моҳи декабр дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа пасттар пешгӯӣ мешавад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво аз эҳтимол дур набуда, шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Инчунин пастшавии назарраси ҳарорати ҳаво дар охири моҳ пешгӯӣ шуда, шабона аз 2 то 11 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 14-16 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Рӯзҳои алоҳида дар баъзе ноҳияҳо шиддати вазиши шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.

Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво 14-16 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво аз эҳтимол дур набуда, шабона аз 17-22 то 22-27 дараҷа хунук, рӯзона аз 2-7 то 7-12 дараҷа хунук пешгӯӣ мешавад. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе минтақаҳо аз меъёри иқлимӣ зиёдтар пешгӯӣ мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Декабрь 1, 2024 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд