35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон сохтмони 6260 иншоот пешбинӣ гардидааст
ДУШАНБЕ, 14.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сохтмони 6260 иншоот пешбинӣ гардидааст. Соли 2024 дар вилоят зиёда аз 1240 иншооти таъйиноти гуногун бо таъсиси садҳо ҷойи кор мавриди истифода қарор гирифт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон.
Тибқи иттилои манбаъ, 13 январ дар шаҳри Бохтар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоиии вилояти Хатлон дар соли 2024 бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода баргузор шуд.
Сулаймон Зиёзода иброз намуд, ки тамоми кӯшишу талоши масъулин бояд барои рушди соҳаҳои иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ, зиндагии осоиштаю босаодати сокинони вилоят, инчунин вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ равона карда шавад.
Дар вилояти Хатлон соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ва калидии рушди иқтисодию иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хоми маҳаллӣ аҳамияти муҳим дорад. Зеро рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла тақвияти истифодаи самараноку оқилонаи заминҳо, технологияҳои муосири кишту парвариши зироат, истифодаи тухмиҳои хушсифату баландҳосили репродуксионӣ ва баланд бардоштани боздеҳи замин ба афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ва дар маҷмуъ, таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ такони ҷиддӣ бахшида, афзоиш ва суръати рушди нишондиҳандаҳои истеҳсолиро таъмин менамояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






