Абдулло Раҳмонзода: «Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ рисолати таърихсозӣ доранд»
ДУШАНБЕ, 15.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28 декабри соли 2024 пешниҳод гардид, барои ҳар сокини бошарафи давлати соҳибистиқлоламон дастурамали роҳнамо дар ҷодаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ватандӯстию ватансозӣ ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин масъала мақолаи ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзодаро пешниҳоди хонандагон мегардонем.
— Таърихи шаклгирии ҷомеа аз оғоз то имрӯз собит менамояд, ки инсоният дар ҳар давру замон, новобаста аз сатҳи ташаккули шуур ва рушду пешрафти ҷамъият ҳамеша ба раҳнамоӣ ниёз дошт ва аз ҳар чизе, ки бовар дошт қудрати фавқулода дорад, иршод мехост, то роҳи беҳтари зиндагониро ёфта, дар фурсати умр бо тай намудани он ба умеду ормонҳои худ бирасад. Маҳз ҳамин эҳтиёҷи фитрӣ боиси ба вуҷуд омадани боварҳои мухталифи динию равияҳои гуногуни сиёсӣ-идеологӣ гардида, ба ташаккули ҷомеаи инсонӣ ва пайдоиши роҳу воситаҳои нави мафкурасозӣ асос гардид. Дар меҳвари ин андеша омӯзиши нақши шахсиятҳое, ки ба сифати раҳнамои мардум шинохта мешаванд, ниҳоят муҳим мебошад. Тавре устод Лоиқ Шералӣ ишора намудаанд: «Халқ бе фарзанди оламгир оламгир нест». Яъне мавқеъ, нуфуз ва ҷойгоҳи ҳар халқу миллат дар арсаи ҷаҳонӣ ва рушду ободиҳои рӯзафзун дар дохили мамлакат аз қудрату манзалат ва иродаи сиёсии шахси роҳнамову роҳбар вобастагӣ дорад. Масалан, дар боварҳои устуравии Аврупо пайдоиши рушноиву оташ ва эҳёи тамаддуни нави инсонӣ аз Данко оғоз ёбад, ки дили худро аз сина барканда, инсониятро аз торикию зулмот ба сӯйи рӯшноӣ раҳнамоӣ кардааст».
Дар таърихи куҳани тоҷикон пайдоиши оташ бо амри табиӣ – аз расиши санг бар санг тавассути шоҳ Ҳушанг оғоз шудааст, ки ба шарафи ин рӯйдоди ҳаётан муҳим ҳазорсолаҳо боз иди Сада ҷашн гирифта мешавад. Ҳамин Садаву Меҳргону Наврӯз ва дигар оину суннатҳои миллиамон буданд, ки тавассути онҳо миллати тоҷик давоми ҳазорсолаҳо асолати худро гум накард. Яъне чӣ дар устура ва чӣ дар воқеияти рӯйдодҳои муҳимми башарӣ дар меҳвари он ҳамеша инсоне меистад, ки бо бархе вижагиҳо аз дигарон фарқ мекунад. Зеро чунин шахсон РОҲНАМО ва РОҲБАР ҳастанд ва барои тақдири халқу миллату давлати худ бо тамоми ҳастӣ масъулият эҳсос менамоянд. Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон мо воқеиятеро таҷриба кардем, ки аз асотир дида таъсираш бештар аст.
Тавре медонем, маҳз ҳисси баланди ватандӯстӣ, азхудгузарӣ ва иродаи мустаҳками шахсияти чунин Роҳбар боиси наҷоти Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид, зеро дар он айём мамлакат дар вартаи нобудӣ ва мардуми он дар садади парокандагӣ қарор дошт. Маҳз қалби аз меҳри Ватан пурҳарорат ва шуълаваргаштаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси аз зулмот ба рӯшноӣ роҳ ёфтани миллати тоҷик гардид. Пешвои миллат бо иродаи барои дигарон ғайричашмдошт ва боварнокарданӣ масъулияти роҳбарию роҳнамоиро дар чунин шароити вазнин ба уҳда гирифтанд. Аз ҳамон давра аввалин роҳнамоиҳо ва паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба халқ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шаклу қолабҳои гуногун пешниҳод мегардиданд.
Дар он шароите, ки сокинон даст бар гиребони ҳамдигар буданд ва аз ҳар гӯша садои талаби хунбаҳо баланд мегардид, аввалин роҳнамоиҳо роҳ ба сӯйи сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ буд, аввалин паём- паёми ҳамдигарбахшиҳо ва аввалин иқдоме, ки ин паёму роҳнамоиҳоро тақвият бахшад, баргардонидани гурезаҳои ғарибафтода ба Ватан буданд. Чунин тасмимҳои ҷасурона паёме буданд ба олами беруна, ки Тоҷикистонро дигар қисмат карда наметавонанд, зеро халқи тоҷик аллакай роҳнамои худро ёфт, атрофаш муттаҳид гардид ва пояҳои давлатдориашро мустаҳкам менамуд. Аз он давра то имрӯз ва аз ҳоло то баъд барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик, ки аз лиҳози таърихию сиёсӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ давоми ҳазорсолаҳо марҳилаҳои гуногуни давлатдориро аз сар гузаронидааст, паёмҳои ҳарсолаи Президенти Тоҷикистон ба сифати роҳнамои асосӣ ба сӯи ҳадафҳои таърихсоз хизмат менамоянд. Бо назардошти ташаккули тафаккури ҷомеа, рушди мамлакат, таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ, зиёд шудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва ҷустани роҳҳои ҳифзи манфиатҳои миллӣ паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз лиҳози тартиби пешниҳод ва сохтори таркибӣ шакл гирифта, ба сифати ҳуҷҷатҳои муҳимми сиёсӣ қабул гардидаанд. Ин ҳуҷҷати сиёсӣ ҳар сокини мамлакатро водор менамояд, ки вазифаҳои худро новобаста аз синну сол, вазъи иҷтимоӣ, мансабдорию бекорӣ ва вазъияту ҳолатҳои дигар дар ҳошияи он муайян намуда, дар роҳи давлатдорию ватансозӣ ва ташаккули шахсияти худ саҳм гузорад. Яъне иҷрои дастуру супоришҳои пешниҳодшудаи Паём танҳо марбут ба мақомоти давлатӣ ва шахсони масъули ниҳодҳои алоҳида нест. Паёми Президенти Тоҷикистон аз замири халқ сарчашма гирифта, барои такон бахшидан ба ғаризаҳои худшиносию созандагии халқ равона гардида, соҳиби асосии он ҳам халқи сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Бахусус, дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 дар баробари масоили давлатдорӣ мо дар суханони Пешвои миллат ва муроҷиатҳояшон ба мардуми мамлакат як навъ машварат ва насиҳати падаронаро ба фарзандон, яъне насли ҷавони мамлакат эҳсос намудем. Дар суханронии Президенти Тоҷикистон самимияти бениҳоят зиёд нисбат ба халқи худ ва садоқати бениҳоят баланд ба давлату Ватан баръало эҳсос мегардид. Боварии комил дорам, ки ин эҳсоси бузург ба замири ҳар шунавандаи Паём роҳ ёфтааст.
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тамоми самту соҳаҳои асосии ҷомеа таҳлилу масъалагузорӣ гардида, нуктаҳои дар он иброзшуда дар маҷмуъ ба се ҷанбаи ҳаётан муҳим равона шудаанд:
— баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум аз роҳи рушди иқтисоди миллӣ бо истифода аз тамоми имконияти техникию технологии муосир;
— баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа аз роҳи таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба рушди иҷтимоӣ, махсусан саводноккунии босифат, тарбия дар руҳияи эътиқод ба фарҳанги миллӣ ва тандурустию солимгардонӣ;
— Таҳкими амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа дар ҳамкории созанда бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи идома додани сиёсати «дарҳои кушода» дар сиёсати хориҷӣ.
Дар сарсухани Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иброз гардидааст, ки «…мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон!».
Воқеан ҳам, дар панҷ соли охир 7,7 фоизро ташкил додани суръати рушди иқтисоди миллӣ нишонаи он аст, ки Роҳбарияти олии давлат барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум аз ҳама имконоти мавҷуда истифода мебарад. Мо ҳангоме, ки ба матни Паём таваҷҷуҳ мекунем, дар он ба далелу рақамҳои зиёде вомехӯрем, ки рушди иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар худ инъикос мекунанд. Махсусан, натиҷаҳои хушҳолкунандаи иҷрои нақшаҳои корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии молиявии аҳолӣ (дар 4 соли охир то 100% зиёд шудани андозаи маошу нафақа ва дар айни замон ҳамагӣ 29%-ро ташкил додани таваррум), то 15% таъмин гардидани суръати миёнасолаи рушди саноат, бунёди роҳу пулҳо ва ғайра аз ҷумлаи чунин нишондиҳандаҳо мебошанд. Беҳтарин муждаи Пешвои миллат барои сокинони мамлакат ин буд, ки Тоҷикистон то соли 2027 ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил мегардад.
Президенти Тоҷикистон барои боз ҳам тақвият бахшидани иқтисоди миллӣ ба масъулин якчанд дастуру ҳидоятҳо доданд. Аз ҷумла, таҳким бахшидани пайванди илм бо истеҳсолот (махсусан дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, савдо ва сохтмону сайёҳӣ), рушди иқтисоди рақамӣ, истифодаи васею бошуурона аз зеҳни сунъӣ ва ғайраро таъкид намуданд. Дар ин росто, се таклифи ниҳоят муҳимму саривақтӣ пешниҳод гардид:
— Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон шудани солҳои 2025-2030 барои истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт.
— Таъсис додани Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб.
— Эълон кардани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2027-ум.
Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҳамзамон вобаста ба дастгирии иҷтимоии ҷомеа, ки аз масъалаҳои марказӣ ба ҳисоб меравад, ибрози назар намуданд. Таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба рушди иҷтимоӣ дар айни замон ба баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа низ мусоидат менамояд. Ба ин хотир дар ин самт низ якчанд дастуру супориш ва таклифу пешниҳодҳо баён гардиданд. Тавре иброз гардид, танҳо соли 2024 19 миллиард сомонӣ ё 43%-и буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ нигаронида шуда буд, ки аз таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбарияти давлат дарак медиҳад. Ҳамзамон дастур дода шуд, ки аз 1 сентябри соли 2025 андозаи маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ то 30% ва маоши вазифавии якчанд муассисаи иҷтимоии буҷетӣ ва стипендияҳо то 20% ва нафақаи заминавӣ то 10% зиёд карда шаванд. Воқеан ҳам, чунин ғамхориҳо шоистаи шукргузорӣ ва қадршиносӣ аз ҷониби ҳар яки мо мебошанд ва қадршиносии мо дар хизмати содиқонаю софдилонаамон ба Ватан ифода меёбад.
Президенти Тоҷикистон вобаста ба такмили барномаҳои таълимӣ, омода кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ, таҳкими инфрасохтори соҳаи маориф (дар 5 сол сохтани 800 боғча ва 1000 мактаб), таҷдиду барқарор ва бунёди муассисаҳои фарҳангӣ (дар маркази шаҳру ноҳияҳо ташкили камаш як мактаби мусиқӣ), пурра бартараф намудани мушкилоту масъалаҳои муассисаҳои тандурустӣ, ташкили ҷойҳои нави кор (дар 5 соли оянда беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кории нав), ба касбомӯзӣ ҷалб кардани сокинон ва ғайра махсус таъкидҳо намуданд.
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаҳои марбут ба ҷавонон, занон ва рушди соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Мебинем, ки Президенти Тоҷикистон ба ҷавонон рӯ оварда, чунин таъкид намудаанд: «…ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони мамлакатро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба ҷомеа танҳо бадбахтӣ меоварад». Бо ишора ба боло рафтани мақому манзалати занону духтарон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат таъкид ва изҳори итминон карда шуд, ки «…занону духтарон ва модарону духтарони азизимон дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманд мегузоранд».
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иқдоми ниҳоят муҳимми Пешвои миллат дар самти мафкурасозии миллӣ ва муаррифии шоистаи миллати бостониамон- ин дастур бобати ба ЮНЕСКО содир намудани пешниҳод вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир мебошад. Боварӣ дорем, ки ин пешниҳод низ чун пешниҳодҳои қаблии ҷониби Тоҷикистон дастгирӣ ёфта, боиси муаррифии миллати тамаддунофари тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мегардад.
Таъмини амнияти миллии на танҳо Тоҷикистон, балки кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат имрӯз аз раванди пешгирифтаи сиёсати хориҷии давлаташон вобастагӣ пайдо кардааст. Дар қисмати ниҳоии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ низ таъкид гардид, ки тамоми муваффақияти бадастомада ва таҳкими рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат аз таъмини амнияти миллӣ вобастагии калон дошта, ин масъала дар маҷмуъ аз аҳаммияти аввалиндараҷа бархурдор аст. Ҳамзамон мубориза бо экстремизму терроризм самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар ин ҷода ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалию минтақавӣ муҳим дониста шудааст. Вобаста ба ин Президенти Тоҷикистон бо ишора ба давом додани ташаббуси сиёсати «дарҳои кушода» дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамкории созандаро бо ҳама кишварҳои ҷаҳон- чӣ дар сатҳи дуҷониба ва чӣ дар қолабҳои бисёрҷониба қобили қабул шумориданд. Ҳамзамон дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ омодагии ҷониби давлати мо барои тавсеаи робитаҳо барои дарёфти роҳҳои муносиби ҳалли хавфу таҳдидҳои глобалӣ, рушди иқтисоди «сабз», ҳифзи муҳити зист, технологияҳои нав, ҷалби сармоя ва тиҷорат изҳор гардидааст. Чунин ишораҳо ба ҳамкории мутақобили судманд ифодаи ҳусни нияти Роҳбарияти олии давлати мо ба оғози раванди сулҳ дар саросари ҷаҳон мебошад. Зеро қувваю қудрати инсоният бояд асосан ба бартараф кардани хатарҳои глобалии тағйирёбии иқлим равона карда шавад, на ба рақобатҳо дар афзун намудани яроқу аслиҳаи ҷангӣ ва захирасозии уран бо ҳадафи нобудсозии гӯшаҳои муайяни сайёра.
Мо, сокинони сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлолро зарур аст, ки дар баробари баҳра бурдан аз нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамзамон вазифаҳои худро дар ростои дастуру ҳидоятҳои дар ин ҳуҷҷати муҳимми давлатӣ иброзгардида муайян намуда, дар раванди иҷрои он вазифаҳо фаъолона иштирок намоем. Агар бо таваҷҷуҳ ба мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ назар кунем, ҳар яки мо, новобаста аз самти кору масъулият ва роҳи интихобкардаамон дар зиндагӣ вазифаи худро хоҳем ёфт.
Ҳатто нафаре ҳам, ки дар ҷое ҳанӯз фаъолияти муайянеро интихоб накардааст, метавонад бо таваҷҷуҳ ба ин дастур ба касбомӯзӣ машғул шуда, ҷойи кори мувофиқ дарёфт кунад ё худаш ба манбаи корофаринӣ табдил ёбаду зиндагии худу пайвандонашро пеш барад. Бо назардошти ин зарур мешуморем ба якчанд вазифаҳои мо – аҳли ҷомеа барои амалӣ намудани нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора кунем:
- Барои расидан ба зиндагии шоиста ҳамеша дар талош бошем ва дар ин росто манфиатҳои давлату ҷамъиятро аз ҳама манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ боло гузорем. Зеро дар ниҳоди манфиатҳои давлатию ҷамъиятӣ манфиати ҳар яки мо низ нуҳуфтааст. Вале агар манфиатҳои давлату ҷамъиятро қурбони манфиатҳои шахсӣ намоем, дар ниҳоят манфиатҳои шахсӣ низ нобуд мешаванд.
- Дар рушди иқтисоди миллӣ аз роҳи саҳм гузоштан дар корҳои созандагию ободонии маҳал, самаранок истифода бурдан аз обу замин ва таҷриба кардани гирифтани ҳосили сеюму чорум аз замин, саҳмгузорӣ дар рушди боғдорию чорводорӣ, эҷоди ҷойҳои нави корӣ тавассути рушди корҳои хонагӣ, сари вақт ва бовиҷдонона супоридани андозҳо ва пардохтҳои коммуналию иҷтимоӣ, самаранок истифода бурдан аз қарзҳо ва имтиёзҳои бонкӣ ва ғайра фаъол бошем.
- Ҷавононро дар руҳияи садоқат ба Ватан, махсусан ихтиёран рафтан ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташвиқ намоем.
- Барои таълиму тарбия гирифтани фарзандонамон пайваста талош варзем, иштироки онҳоро дар дарсҳо таъмину назорат намоем ва робитаи худро бо мактаб тақвият бахшем. Барои забономӯзӣ ва илмазхудкунии онҳо (махсусан духтарон) тамоми тадбирҳои имконпазирро андешем ва аз имтиёзҳои давлатӣ (квотаю стипендияҳо…) самаранок истифода барем.
- Ба арзишҳои миллӣ арҷ гузорем, ба қадри фарҳанги оламшумули аҷдодонамон, ки давоми ҳазорсолаҳо бо нақди ҷон ҳифз карда, то ба мо овардаанд, бирасем ва наздикони худро аз гаравишу парастиши ақидаҳои бегонаву ифротӣ боз дорем.
- Бо тамоми ҳастӣ кӯшиш намоем, ки обрӯю эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ бо рафтору кирдори хуб, фарҳангу маданияти баланд, илму дониш, маҳорати варзишӣ ва дигар истеъдодҳои фитриамон боло бардорем. Ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки Тоҷикистон хонаи умеди тамоми тоҷикони дунё аст ва моро дар ҳеҷ куҷо, ба ғайр аз хонаи худамон интизор нестанд. Пас, бояд ҳар яки мо ба қадри ин Ватан бирасем ва дар роҳи ободию осудагии он ҷаҳду талош намоем.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ АМИТ «Ховар»