Ҳамкории минбаъдаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо Шурои олимпии Осиё баррасӣ шуд

Январь 23, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 23.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода бо директори генералии Шурои олимпии Осиё, Президенти Федератсияи ҷаҳонии варзиши обӣ Ҳусайн Ал – Мусаллам вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати ҷавон ва рӯ ба рушд ба инкишофи соҳаҳои варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ диққати махсус зоҳир мекунад. Маҳз бо дастгириҳои Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш ҳамчун омили муҳими рушди иҷтимоӣ, тарбияи ахлоқии ҷавонон ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ маҳсуб мешавад.

Ҳамчунин оид ба намудҳои суннатии варзиш табодули афкор доир шуд. Иброз гардид, ки гӯштингирӣ, ки як қисми фарҳанги миллии мо буда, имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ бештар шинохта мешавад, на танҳо варзиши миллӣ, балки ҷузъи муҳими ҳувияти миллӣ ва таърихи қадимии мо аст.

Ҳамин аст, ки солҳои 2023 — 2024 бори нахуст Чемпионати Осиё ва Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд. Дар онҳо зиёда аз 1000 нафар меҳмонону варзишгарон аз 63 давлати Осиё ва ҷаҳон қувваозмоӣ намуданд.

Инчунин ба Шурои олимпии Осиё барои рушди гӯштингирӣ дар кишварҳои Осиё изҳори миннатдорӣ баён гардида, даъват шуд, ки барои эътироф ва ворид намудани варзиши гӯштингирӣ ба барномаи Бозиҳои осиёӣ, сохтмони бинои Маркази тиббии варзишӣ дар шаҳри Душанбе ва бо назардошти ҷойгиршавии Тоҷикистон дар минтақаи кӯҳӣ дар харидории мошинҳо барои варзишгарон мусоидати амиқ намоянд.

Ҳусейн Ал-Мусаллам оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш, хосатан варзиши обии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидат ба рушди варзиши гӯштингирӣ ва дигар паҳлуҳои варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуда, гуфт, ки барои рушду густариши соҳа тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ дурнамои ҳамкории минбаъда дар соҳаи варзиш, аз ҷумла ҳолати кунунӣ ва рушди навъҳои варзиши обӣ, рушди инфрасохтори соҳаи варзиши Тоҷикистон, омодагии ҳамаҷониба ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ва қоравӣ ва татбиқи барномаҳои соҳавии Шуро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муфассал баррасӣ гардид.

Меҳмонон баъд аз мулоқот Осорхонаи «Шарафи олимпӣ»-и Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро тамошо намуданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 23, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд