Ҳамкории Тоҷикистон дар самти тағйирёбии иқлим бо роҳбари САҲА дар Душанбе баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 13.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, дастовардҳо дар соли 2024, ҳамкорӣ барои соли 2025 байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ҷанбаҳои ҳуқуқии сиёсати экологӣ ва иқлимӣ, инчунин масъалаи лагерҳо барои тавонмандсозии ҷавонон дар самти тағйирёбии иқлим дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Сафир ва роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе Вилли Кембел баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳруии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ намуданд.
Мусоҳибон ҳамзамон оид ба таҳкими ҳамкории мутақобили судманд ба мувофиқа расиданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






