ҲАРАКАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар шафати роҳҳои Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент беш аз 400 бех ниҳоли ороишӣ шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 26.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ ва бо мақсади сабзу хуррам намудани муҳити зист дар шафати роҳҳои Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент беш аз 400 бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент барои таъмини аҳолӣ ва ташкилоту идораҳои кишоварзӣ бо ниҳол тадбирҳои амалӣ меандешад.
Дар Хоҷагии фаръии давлатии ниҳолпарварии шаҳр беш аз 57,7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, аз қабили навъҳои гуногуни себ, нок, биҳӣ, шафтолую зардолу, олуболу, гелос, чормағз ва бодом, ангур парвариш мешаванд ва беш аз 30 ҳазор бехи он ду ва сесола мебошад.
Ҳамчунин дар хоҷагӣ беш аз 18 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану оришии 2 ва 3-сола мавҷуд буда, онҳо барои шинонидан омода мебошанд.
Дар хоҷагии ёрирасони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр беш аз 10 ҳазор бех ниҳолҳои шамшод, сарвиноз, маҷнунбед, навъҳои гуногуни дарахтони сӯзанбарг, гул ва павловния парвариш шуда, як қисми он барои шинонидан омода аст.
Сокинони шаҳр аз рӯзҳои мусоид истифода намуда, дар канори шоҳроҳ ва дигар минтақаҳо шинонидани ниҳолҳои сӯзанбарг ва сояафканро тибқи маслиҳати мутахассисон ва қоидаҳои агротехникӣ вусъат мебахшанд.
АКС: Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд








Дар ниҳолхонаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода беш аз 12 ҳазор бех ниҳоли гуногун парвариш меёбад
Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд






