Барои аъзои комиссияи ҳавзавии интихоботии №1 дар ноҳияи Фирдавсӣ машварати омӯзишӣ баргузор гардид

Январь 23, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 23.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба баргузории маъракаи муҳимтарини сиёсӣ — интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе машварати омӯзишӣ барои аъзои комиссияи ҳавзавии интихоботии №1 баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки ҳадафи машварат баланд бардоштани савияи донишу малакаи аъзои комиссия, таъмини шаффофият ва қонунмандӣ дар ҷараёни интихобот мебошад.

Дар машварат масъалаҳои марбут ба риояи талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии марбут ба интихобот, вазифаҳои асосии аъзои комиссия, раванди сабти номзадҳо ва интихобкунандагон, инчунин ташкил ва гузаронидани раъйдиҳӣ баррасӣ гардиданд. Мутахассисони соҳа ба аъзои комиссия тартиби дурусти корбарӣ ва талаботи меъёрии қонунгузориро шарҳ доданд.

Намояндаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ, шаҳри Душанбе ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ иброз намуданд, ки баргузории интихобот бо риояи меъёрҳои демократӣ аз масъулияти баланди аъзои комиссия вобаста аст.

Дар машварат инчунин аҳамияти ҳамкорӣ бо ҷомеа ва таъмини шаффофияти ҳар ҷузъи раванди интихобот таъкид шуд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Январь 23, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Натиҷаи интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ тасдиқ гардид
Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд