ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад

Март 2, 2025 14:57

ДУШАНБЕ, 02.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар участкаи интихоботии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ раванди овоздиҳӣ дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъоли тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ шуруъ гардид.

Овоздиҳӣ то соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ идома меёбад.

Ёдовар мешавем, ки дар назди намояндагиҳои Тоҷикистон дар 28 давлати хориҷӣ 36 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст. Барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кишварҳои хориҷӣ иқомат доранд, дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ участкаҳои интихоботӣ барои баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудаанд.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то рӯзи интихобот ба синни 18 расидаанд, метавонанд имрӯз аз соати 06:00 то 20:00 ба вақти маҳаллӣ дар интихобот иштирок намоянд. Шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои иштирок дар овоздиҳии интихоботӣ бояд бо худ шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошанд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ

Март 2, 2025 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид