Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои хотиравӣ ва ҷашниро ба фурӯш баровард

Январь 14, 2025 15:19

ДУШАНБЕ, 14.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки дар нуқтаҳои хизматрасонии хазинавӣ ва шуъбаҳои минтақавии бонк тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнии аз филизи нуқра сиккашуда ба фурӯш гузошта шудаанд.  

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки тангаҳои хотиравӣ ба ифтихори ҷашну солгарди шахсиятҳои бузурги адабиёти классикии тоҷику форс ва санаҳои муҳимми таърихӣ бо ҳадафҳои нумизматӣ аз нуқраи холис сикка зада шудаанд.

Тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнии «600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ»,  «700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ», «20-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «90-солагии шаҳри Душанбе», «5500-солагии Саразм», «3000-солагии Ҳисор», «Бозиҳои олимпӣ», «20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «10-солагии Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё» ва «Бахшида ба оғози кори НБО-и «Роғун»» аз ҳамин қабил ҳастанд.

Шаҳрвандон имкон доранд барои дастрас намудани тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон, шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳрҳои  Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва шаҳраки Ғарм муроҷиат намоянд.

Нумизматика чист?

Нумизматика — илм ё санъати ҷамъоварии тангаю сикка ва дигар рамзҳои пулии таърихӣ мебошад. Ин соҳа ба омӯзиши таърих мусоидат карда, ҳамчун анъанаи фарҳангӣ дар ҷомеи кишварҳои гуногун рушд намудааст.

Ҷамъоварии тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнӣ ҳамчун қисми таркибии ин соҳа на танҳо барои коллексионерон, балки муҳаққиқони таърих низ манфиатовар мебошад, зеро дар пайдо намудани маълумоти ҷолиб оид ба таъриху равандҳои иқтисодӣ ва сиёсии давраҳои гуногун, ҷашнҳои миллӣ ё байналмилалӣ ва муаррифии шахсиятҳои бузурги замон кумак менамояд. Тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнӣ дар пур кардани коллексияҳо ва ба самъи ҷомеа расонидани аҳаммияти арзишҳои таърихию фарҳангии давлат низ нақши муҳим доранд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Январь 14, 2025 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2174 сомонӣ муқаррар шудааст