Дар Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ 400 бех дарахти мевадиҳанда шинонида шуд
РӮДАКӢ, 21.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Барои вусъат бахшидан ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунӣ тибқи нақшаи корҳои амалии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ раёсат ва аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ворисони Рӯдакӣ» ба тариқи ҳашари дастҷамъона дар Ҷамоати деҳоти Гулистон зиёда аз 400 бех ниҳолҳои мевадиҳанда шинониданд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Шинонидани ниҳолҳо, нигоҳубин ва парвариши он чун анъана ва суннати нек пазируфта шуда, кори савоб ва дар ин баробар амали барои табиат фоидаовар маҳсуб мешавад. Дар шароити тағйирёбии иқлим барои нигоҳ доштани мувозинати табиат шинонидани дарахтон амри зарурӣ мебошад. Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 январ дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи парвариши дарахтон, бунёди боғҳо ва сарсабзу хуррам гардонидани ҳар гӯшаи мамлакат таваҷҷуҳ намуда, ба сохторҳои дахлдор барои ташкили маъракаи ниҳолшинонӣ дастуру супоришҳо доданд.
Тибқи иттилои масъулини Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ, мувофиқи нақша соли 2025 дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бояд 18 ҳазор бех дарахтони сояафкан, ҳамешасабзу ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шаванд.
То имрӯз ба тариқи ҳашари умумӣ дар мавзеъҳои гуногуни ноҳияи Рӯдакӣ 7 195 бех ниҳолҳои гуногун шинонида шудаанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ








ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд






