Дар Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ 400 бех дарахти мевадиҳанда шинонида шуд

Январь 21, 2025 14:30

РӮДАКӢ, 21.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Барои вусъат бахшидан ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунӣ тибқи нақшаи корҳои амалии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ раёсат ва аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ворисони Рӯдакӣ»  ба тариқи  ҳашари дастҷамъона дар Ҷамоати деҳоти Гулистон зиёда аз 400 бех ниҳолҳои мевадиҳанда шинониданд. Дар ин хусус  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  дар  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Шинонидани ниҳолҳо, нигоҳубин ва парвариши он чун анъана ва суннати нек пазируфта шуда, кори савоб ва дар ин баробар амали барои табиат фоидаовар маҳсуб мешавад.  Дар шароити тағйирёбии иқлим барои нигоҳ доштани мувозинати табиат шинонидани дарахтон амри зарурӣ мебошад. Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 январ дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи парвариши дарахтон, бунёди боғҳо ва сарсабзу хуррам гардонидани ҳар гӯшаи мамлакат таваҷҷуҳ намуда, ба сохторҳои дахлдор барои ташкили маъракаи ниҳолшинонӣ дастуру супоришҳо доданд.

Тибқи иттилои масъулини Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ, мувофиқи нақша соли 2025 дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бояд 18 ҳазор бех дарахтони сояафкан, ҳамешасабзу ороишӣ  ва мевадиҳанда шинонида шаванд.

То имрӯз ба тариқи ҳашари умумӣ  дар мавзеъҳои гуногуни ноҳияи Рӯдакӣ 7 195 бех ниҳолҳои гуногун шинонида шудаанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Январь 21, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
Кормандони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳашари ниҳолшинонӣ доир намуданд
Дар вилояти Суғд майдони боғоти мевадиҳанда васеъ мегардад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар вилояти Суғд 750 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ 300 бех ниҳоли санавбар ва сӯзанбарг шинониданд
ДУШАНБЕ – ШАҲРИ ГУЛИ САДБАРГ. Парвариши ин гул хароҷоти зиёд талаб накарда, аз аввали баҳор то барфрезиҳо шукуфон боқӣ мемонад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Хуҷанд беш аз 200 бех дарахти магнолия шинонида шуд
«ТОҶИКИСТОНИ САБЗ». Дар Душанбе 500 бех ниҳоли сӯзанбарг шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар ин парваришгоҳ зиёда аз 100 намуди гулу буттаҳои нодир ва 40 намуди ниҳоли дарахтони ороишӣ парвариш мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз парваришгоҳи «Кишвари сабз» боздид намуданд
ЧАРО БАЪЗЕ АЗ НИҲОЛҲОИ ШИНОНИДАШУДА ХУШК МЕГАРДАНД? Ва ё барои пешгирии ин ҳолат чӣ бояд кард?
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ҳисор 400 ҳазор бех ниҳоли ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳандаю сояафкан шинонида мешавад