Дар Амороти Муттаҳидаи Араб барои навхонадорон гузаштан аз муоинаи тиббӣ ҳатмӣ шуд

Январь 6, 2025 15:43

ДУШАНБЕ, 06.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Амороти Муттаҳидаи Араб аз 1 январи соли 2025 барои ҳама шаҳрвандон гузаронидани муоинаи  ҳатмии тиббии қабл аз издивоҷро қонунӣ намуд. Қаблан  гузаронидани муоинаи  ҳатмии тиббӣ байни навхонадорон ихтиёрӣ буд. Дар ин хусус Kazinform иттилоъ медиҳад.

Ин қарор аз ҷониби Шурои геноми Аморати Муттаҳидаи Араб, ки дар ҷаласаҳои солонаи Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб дар моҳи ноябр тасдиқ гардид, қабул карда шуд. Тамоми оилаҳои навбунёд аз муоинаи ҳатмии тиббӣ   мегузаранд ва  натиҷаҳои он тақрибан 14 рӯзро дар бар мегирад.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 1 июли соли 2016 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонун «Дар бораи аз муоинаи  ҳатмии тиббӣ   гузаронидани ҷавонон қабл аз издивоҷ» мавриди амал қарор гирифта буд.

Тибқи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз муоинаи  ҳатмии тиббӣ   гузаронидани ҷавонон қабл аз издивоҷ» дар мамлакат  издивоҷ бо писарамак ва духтарамак, инчунин писартағову духтарамма манъ аст. Ҳамин гуна, пеш аз издивоҷ аз муоинаи тиббӣ гузаштан низ ҳатмӣ буда, он ройгон аст. Дар ҳолати  муайян намудани бемории сироятӣ дар яке аз никоҳкунандагон онҳо бояд аз давраи табобатӣ гузаранд. Баъди пурра шифо ёфтан ба онҳо барои ақди никоҳ иҷозат дода мешавад.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то замони қабули ин қонун дар мамлакат беш аз 26 ҳазор кӯдаки маъюб сабти ном шуда буд. 35 дарсади онҳо фарзандони оилаҳое мебошанд, ки хешовандони наздик ҳастанд.

Аз 10 то 20 фоизи дигари ин кӯдакони маъюб фарзандони волидоне ҳастанд, ки гирифтори бемориҳои сироятӣ мебошанд.

 АКС: АБИ «Казинформ»

Январь 6, 2025 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ШУМОРАИ ВОРИДШАВАНДАГОНИ СОМОНАИ АМИТ «ХОВАР» БЕШ АЗ 234 ФОИЗ ЗИЁД ШУД. Соли 2024 аз сомона зиёда аз 7 миллион маротиба дидан кардаанд
МАБЛАҒИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ 100 ФОИЗ ЗИЁД КАРДА ШУД. Акнун соҳиби Шоҳҷоиза бо 140 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешавад
АМИТ «Ховар»: Тоҷикистон дар соли 2025 — руйдодҳои муҳим ва навгониҳо
МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Таъсиси он имрӯз амри зарурӣ аст
БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ДАР ЮНЕСКО. Ҷалолуддини Балхӣ аз нобиғагони нодири тоҷик аст, ки фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст
Президенти Тоҷикистон: «Дар 5 соли охир аз ҷониби низоми бонкии мамлакат беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шуд»
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд