ШУМОРАИ ВОРИДШАВАНДАГОНИ СОМОНАИ АМИТ «ХОВАР» БЕШ АЗ 234 ФОИЗ ЗИЁД ШУД. Соли 2024 аз сомона зиёда аз 7 миллион маротиба дидан кардаанд

Январь 6, 2025 16:10

ДУШАНБЕ, 06.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 аз сомонаи АМИТ «Ховар» 7 миллиону 26 ҳазору 323 маротиба дидан кардаанд, ки нисбат ба соли 2023 3 миллиону 225 ҳазору 989 маротиба ё беш аз 84,9% фоиз зиёд мебошад. Соли 2023 ин шумора 3 миллиону 800 ҳазору 334 маротибаро ташкил медод. Чунин маълумотро ба мо хадамоти русии liveinternet.ru, ки ба ҷамъоварӣ ва таҳлили ченакҳои самароникии сомонаҳо машғул аст, пешниҳод намуд.

Ҳамчунин соли 2024 теъдоди воридшавандагон ба сомонаи Агентӣ ба 2 миллиону 88 ҳазору 539 нафар расид. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 (623 905 нафар) 1 миллиону 464 ҳазору 634 нафар ё беш аз 234,7% фоиз зиёд мебошад.

Тибқи маълумот, шумораи воридшавандагон аз ҳисоби мардон дар соли 2024 66,5% ва занон – 33,5%-ро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод ба синни аз 18 то 24-сола – 23,6%, аз 25 то 34-сола — 37,5%, аз 35 то 44-сола – 27,3% ва аз 44-сола боло – 11,5% рост меояд.

Моро дар зиёда аз 100 давлати ҷаҳон мехонанд. Ба бистгонаи давлатҳое, ки соли 2024 бештар дар онҳо ба сомонаи мо ворид шудаанд, Тоҷикистон, Русия, Британияи Кабир, Узбекистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Қазоқистон, Олмон, Фаронса, Қирғизистон, Беларус, Нидерланд, Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, Полша, Амороти Муттаҳидаи Араб, Озарбойҷон, Швейтсария, Литва ва  Ҷопон дохил мешаванд.

Сохтори гузариш ба саҳифаҳои сомона чунин аст: тариқи системаҳои ҷустуҷӯӣ – 41,9%, дохилӣ – 39,5%, ба воситаи саҳифаҳои иловагӣ – 14,7%, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ – 2,1% ва аз сомонаҳои дигар – 1,9%.

Асосан тавассути системаҳои ҷустуҷӯии «Google» (89,5%), «Яндекс» (10,4%), «Яндекс (аксҳо)» «Rambler», «Bing», «Search.Mail.ru», «Baidu» ва ғайра ба сомонаи АМИТ «Ховар» гузариш анҷом дода шудааст.

Ба сегонаи шабакаҳои иҷтимоӣ, ки тавассути онҳо ба сомона гузариш шудааст, «facebook» (99.8%), «vkontakte» (0.1%) ва «odnoklassniki» (0.1%) дохил мебошанд.

Албатта, чунин теъдоде аз корбарони интернет ба барномаҳои Радиои «Ховар» низ дар басомади 101,5 FM дастрасӣ дошта, метавонанд дар сомонаи www.khovar.tj мустақиман барномаҳои онро бишнаванд.

Ёдовар мешавем, ки АМИТ «Ховар» имрӯз ягона агентии иттилоотӣ дар ҷумҳурӣ мебошад, ки мақоми расмӣ дорад. Он дорои ҳуқуқи эксклюзивии ҷамъоварӣ ва паҳни иттилоот ва санадҳои расмӣ оид ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳуқуқи шарҳи онҳо мебошад.

Агентӣ таъминкунандаи боэътимоди иттилооти саривақтӣ ва муътамад оид ба рӯйдодҳои тамоми минтақаҳои Тоҷикистон мебошад. Маводи паҳнкардаи агентӣ аз ҷониби истифодабарандагони сомонаҳои интернетӣ, сафоратхонаҳои хориҷӣ, доираҳои тиҷоратӣ, вазорату идораҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва шахсони алоҳида дар Тоҷикистон ва берун аз он фаъолона истифода мешаванд.

Иттилооти АМИТ «Ховар» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ ва ҳуруфоти форсӣ паҳн карда мешавад. Агентӣ бо агентиҳои иттилоотии пешрафта, хадамот ва марказҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ робитаҳои мутақобили судманд дорад.

Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 6, 2025 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
«ҲАФТ СИН» ВА «ҲАФТ ШИН». Ин анъанаи неки Наврӯз рамзи фаровонҳосилӣ ҳисобида мешавад
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Кадбонуҳои тоҷик аз гиёҳҳои шифобахш хӯрокҳои гуногун омода месозанд
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
ӮСМАКАШӢ. Ин анъанаи наврӯзӣ барои солимии чашм иҷро карда мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид