МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли равғани зард дар зимистон эҳтимоли гирифторӣ ба бемориҳои сироятиро коҳиш медиҳад
ДУШАНБЕ, 05.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Равғани зард ё равғани ҳайвонот навъи равғане мебошад, ки онро аз таркиби равғани шири гов, гӯсфанд ва буз пас аз гарму гудохта кардан ба даст меоранд. Муҳимтарин хусусияти равғани зард он аст, ки масунияти баданро мустаҳкам намуда, эҳтимоли гирифторӣ ба сироятҳои гуногуни вирусиро коҳиш медиҳад. Дар фасли зимистон хӯрдани ин навъи равған аз манфиат холӣ нест. Ҳамзамон он давои хуб барои рафъи сӯхтагӣ, доғ ва илтиҳоби пӯст мебошад.
Ҳангоми коркард ҳама моддаҳои зараровар дар равған ҳал мешаванд ва танҳо моддаҳои фоиданок боқӣ мемонанд. Ба тавсияи мутахассисон, равғани зард дорои витаминҳои В, инчунин A, E, D, PP мебошад. Ин маҳсулотро ба шир андохта, нӯшидан хуб аст. Ин нӯшокӣ роҳҳои нафасро мулоим намуда, барои рафъи сулфа кумак менамояд.
Равғани зард аз ҷиҳати давоӣ аз маска қавитар мебошад. Агар инро бихӯранд ва гузошта банданд, варамҳоро хуб ва гиреҳҳои баданро мекушояд.
Дар китоби «Канзи шифо» омадааст, ки беҳтарини он равғани гов аст, ки сабуктар мебошад, баъд аз он равғани гӯсфанд аст, ки ин ғализтар мебошад. Мизоҷи ҳама навъҳои он дар дараҷаи якум гарм ва тар аст.
«25 грамм равғани зардро бо 210 грамм оби анор биёшоманд, исҳоли хунинро шифо мебахшад. Агар ин равғанро бихӯранд, пӯстро мулоим, чеҳраро пок ва майнаро аз моддаҳои бегона соф месозад. Узвҳои даруни синаро аз моддаҳои нодаркор пок мегардонад, баданро фарбеҳ месозад, барои сурфаи хушк, зардпарвин ва иллатҳои сипурз даво мебошад, инчунин санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад»,- омадааст дар «Канзи шифо».
Агар лабонатон хушк монад, пас ба он каме равғани зард молед, то онҳоро нарм намояд. Набудани хоб метавонад боиси доғҳои атрофи чашм гардад, барои ин ҳам мебояд қабл аз хоб равғанро гирифта, ба атрофи чашм бимолед. Сӯхтагӣ ва доғҳо дар пӯст бо молидани равғани зард ба зудӣ рафъ мешаванд. Истеъмоли ҳамешагии равған биноии чашмро беҳтар месозад.
Ба иттилои мутахассисон, миқдори як бор хӯрдан аз равғани зард дар як рӯз то 50 грамм аст. Қуввати поксозандагӣ ва таҳлилдиҳандагӣ дар равғани зарди кӯҳна назар ба равғани нави он зиёдтар аст. Таъсираш барои баданҳои миёнаҳол назар ба баданҳои қавӣ зиёдтар мебошад. Он барои варамҳои баногӯш фоида дорад.
Агар ин равғанро ҳафт шаб пай дар пай ба рухсора молида бихобанд, пӯсти рӯйро пок, неку ва соф мегардонад, инчунин маскаро ҳам бо чунин усул бимоланд, ҳамин гуна фоида дорад.
Равғани зарди аз шири гов омодашуда дорои тамоми маводи ғизоии зарурӣ буда, инчунин хосияти зиддивирусӣ, антиоксидантӣ, зиддибуҳронӣ ва зиддибактериявӣ дорад.
Мутахассисони соҳаи тиб иброз медоранд, ки онҳое, ки бо холестерини зиёд дар бадан мушкилӣ доранд, бояд донанд, ки равғани зард нисбат ба маска намунаи солимтар маҳсуб мешавад. Зеро дар равғани зард нисбат ба маска равғаннокӣ камтар аст, ба ин хотир он дар бадан хубтар ҳазм мешавад.
Равғани ҳайвонот манбаи бойи кислотаи бутирикӣ мебошад. Ин кислота ба аксуламали иммунӣ пайваст мешавад, ки барои коҳиш додани илтиҳоб ва беҳтар намудани фаъолияти системаи ҳозима кумак мерасонад. Равғани зард инчунин ба ҷудошавии шираи меъда ва ҳазми дурусти ғизо мусоидат менамояд.
Равғани зард ҳамзамон антиоксидантҳои зиёде дорад, ки онҳо ба баланд шудани қобилияти бадани одам барои азхудкунии витаминҳо ва минералҳое, ки мо аз хӯрок мегирем, кумак расонида, дар навбати худ системаи иммунии инсонро мустаҳкам менамоянд. Таҳқиқоти олимон нишон дод, ки вақте ки кислотаи бутирик ба таври кофӣ ҳосил мешавад, он ҳосилшавии ҳуҷайраҳои иммуниро дар рӯда дастгирӣ менамояд ва ба ин васила системаи масунияти инсон мустаҳкам мегардад.
Ба назари ғизошиносон, равғани зард намунаи хуб барои пухтупаз аст, махсусан барои тафдиҳии маҳсулот. Зеро бар хилофи бисёре аз равғанҳои барои пухтупаз таъйиншуда он ба радикалҳои озоди зараровар тақсим намешавад ва дар ҳарорати баланд газҳои зараровар низ ҳосил намекунад. Ин равған дар ҳарорати 500 дараҷа дуд менамояд, он ҳам дар ҳоле, ки дигар намуди равғани муқаррарӣ бо 350 дараҷаи Фаренгейтӣ дуд менамояд.
Равғани зард аз ҷумлаи маъмултарин давои табиӣ аз сӯхтагӣ буда, онро барои рафъи варамҳои гуногуни узвҳои бадан ба таври васеъ истифода мебаранд. Ҳамзамон ин намуди равғанро барои кам намудани илтиҳоби пӯст низ ба василаи молидан ба ҷойи зарардида истифода мебаранд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








НИҲОДИ МУҚАДДАСЕ, КИ ДАР ОН АРЗИШҲОИ ИНСОНӢ ТАШАККУЛ МЕЁБАНД. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила
Сарфарозгардонии Президенти Тоҷикистон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин дар пояи 35-солагии истиқлолият – рамзи пайванди илму сиёсат барои ояндаи устувор
ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР. Иқдомҳои Президенти Тоҷикистон ба пешгирии тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳои минтақаю ҷаҳон нигаронида шудаанд
ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН БО FAO. Дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид гардидаанд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМИ ҲУҚУҚШИНОСӢ. Бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист низоми ҳуқуқии миллӣ эҷод намояд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли сабзавот дар фасли баҳор ва тобистон аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ ба хоҳишмандон касбу ҳунарҳои дар бозори меҳнат талабгорро меомӯзад
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ омили муҳими пешрафти китобхонаҳо аст
ИСТИҚЛOЛИ ДAВЛAТӢ ВA РУШДИ ДAВЛAТДOРИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Шаҳноза Ахмедова: «Рушди ҳунарҳои мардумӣ омили муҳими муаррифии давлат, миллат ва фарҳанг аст»
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Барои босамар ва шавқовар гузаштани он хонандагон ба чӣ кор бояд машғул шаванд?
АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод саривақт, босифат ва дар сатҳи баланд иҷро мешаванд






