Дар Эстония беш аз 17 ҳазор хона бар асари номусоид шудани ҳаво бе барқ монданд

Январь 13, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 13.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бориши шадиди барфу бӯрон дар Эстония, ки шаби шанбе ба якшанбе шуруъ шуд, боиси қатъи пурраи неруи барқ гардид. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин хусус агентии «Kazinform» бо истинод ба ERR иттилоъ додааст.

Ба иттилои директори генералии ширкати «Elektrilevi» Михкел Хярм, то соати 08:00-и субҳи 12 январ беш аз 17 000 хонавода бе неруи барқ монданд. То соати 17:00 шумораи онҳо то 9000 коҳиш ёфт. Вазъияти роҳҳо ва роҳи оҳан душвор боқӣ мемонад.

Хярм иброз намуд, ки субҳи рӯзи шанбе вазъият беҳтар шуд, аммо бориши барф давоми шаб шиддат гирифта, боиси дубора қатъ шудани неруи барқ гардид.

«Шароити душвортарин дар Тарту, Виру ва Йигев аст. Барқарорсозии неруи барқ дар ин минтақаҳо эҳтимол то рӯзи чоршанбе анҷом ёбад. Дар Харюи Шарқӣ барқарорсозии хати интиқоли барқ рӯзи сешанбе ба охир мерасад»,- гуфт Хярм.

Бино ба маълумоти Хадамоти обуҳавошиносии Эстония, бориши барф идома меёбад. Дар минтақаҳои шимолии Паида ва Вилянди то 20 сантиметр боридани барф дар назар дошта шудааст. Барфи тари яхкарда метавонад ба хати интиқоли неруи барқ зарар расонад.

АКС аз бойгонӣ

Январь 13, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад