Дар Хатлон вобаста ба нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиши вилоятӣ баргузор гардид

Январь 4, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 04.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов таҳти унвони «Паём ва нақши он дар таҳкими давлатдории миллӣ» ҳамоиши вилоятӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш иштирокдорон доир ба аҳамияти Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ибрози назар карданд. Таъкид гардид, ки он на танҳо ҳуҷҷати роҳнамо барои рушди мамлакат мебошад, балки ҳамчун омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ ва истиқлоли давлатӣ хизмат мекунад.

Иброз гардид, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илму маориф ва фарҳанг ҳамчун самтҳои афзалиятнок муайян гардидааст. Татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла рушди иқтисоди рақамӣ, инноватсия, саноатикунонии босуръат, беҳтар кардани шароити зисти мардум ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон аз вазифаҳои муҳим мебошанд.

Иштирокдорони ҳамоиш зарурати иҷрои амалии нуктаҳои мубрами Паёмро барои рушди минбаъдаи мамлакат муҳим арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо роҳнамо барои сиёсатмадорон ва роҳбарони соҳаҳо аст, балки ҳуҷҷате мебошад, ки ҳар шаҳрванди мамлакатро ба амалҳои созанда ва ҳадафҳои нек ҳидоят менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

 

Январь 4, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУН «ДАР БОРАИ БОСТОНШИНОСӢ». Дар замони ҷаҳонишавӣ зарурати қабули он пеш омадааст
Дар Кӯлоб нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
Махфират Хидирзода: «Паёми Президенти Тоҷикистон инъикоскунандаи интизориҳои ҷомеа нисбат ба масоили мухталиф аст»
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун сарчашма ва манбаи роҳнамо барои фаъолияти қонунгузорӣ арзёбӣ мегардад
Дар Панҷакент оид ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиши ҳизбӣ доир шуд
Сокинони ноҳияи Айнӣ нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро сармашқи фаъолият қарор медиҳанд
Дар «Саноатсодиротбонк» оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2026 барои соҳаи маориф қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли пешин 25,4 фоиз зиёд аст
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиши сиёсӣ доир шуд
РИОЯИ ОДОБУ РУСУМИ НЕКИ МИЛЛӢ. Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ