Дар хатсайри Душанбе-Кӯлоб парвози аввалини ҳавопаймо анҷом дода шуд

Январь 16, 2025 16:16

ДУШАНБЕ, 16.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. 15 январ дар хатсайри Душанбе–Кӯлоб парвози ҳавопаймоҳо оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар  хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Ҳавопаймо аз Душанбе бо 17 мусофир соати 10:20 парвоз карда, соати 10:50 дар  шаҳри Кӯлоб фуруд омад. Аз шаҳри Кӯлоб ҳавопаймо соати 13:30 парвоз карда, соати 14:00 дар шаҳри Душанбе фуруд омад.

Парвоз байни Душанбе ва Кӯлоб ҳафтае се маротиба- рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе анҷом дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик-Эйр» имсол дар хатсайрҳои Душанбе–Кӯлоб ва Душанбе–Панҷакент парвозҳоро фаъол намудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Январь 16, 2025 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд